Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:4331.07.2023
Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар медиҳад, ки Истадбону Ҷумаеваи 24-сола ва Шоиста Усмоноваи 25-сола маблағи хизматрасониҳоро тавассути барномаи бонкии сохтаи “Dushanbe City” гӯё пардохт мекардаанд.
Гумонбарон амалҳои тақаллубкории худро дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалӣ кардаанд.
Ҳангоми истифода онҳо аломати тасдиқшудаи ишоратиро нишон медодаанд, вале дар асл маблағ намегузаштааст.
Онҳо бо чунин усул мудирони мағозаву ошхона, мағозаҳои либос ва ронандаҳоро фиреб медодаанд.
То ин вақт онҳо беш аз 80 адад чунин пардохтҳои сохтаро амалӣ гардондаанд, ки нусхаи пардохтҳо дар телефони онҳо будааст.
Нисбати онҳо тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Он ҷарима ба миқдори аз 250 то 1460 нишондиҳанда ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.
Читайте также
Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine
16 часов назад
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
5 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
5 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
17 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
20 дня назад