logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Боздошти ҷавони 18-солаи зодаи Тоҷикистон бо гумони тайёрӣ ба ҳамлаи террористӣ дар калисо

Дар навори сахт таҳриршуда ӯ иқрор мешавад, ки гӯё қасди оташ задани калисои Архангел Микоил дар Майкоп (Ҷумҳурии Адигея) ва куштани роҳиби онро доштааст.

Your tj

12:1017.07.2024

Боздошти ҷавони 18-солаи зодаи Тоҷикистон бо гумони тайёрӣ ба ҳамлаи террористӣ дар калисо

Хадамоти амнияти Федералии Русия (ФСБ) навори боздошти як ҷавони 18-солаи тоҷикро, ки гӯё қасди анҷоми ҳамлаи террористӣ дар калисоро доштааст, нашр кард.

Дар наворе, ки расонаҳои давлатии Русия нашр кардаанд, як ҷавон ду зарфи пластикиро бо бензин пур карда, ба самте ҳаракат мекунад.

Сипас, дар навори сахт таҳриршуда ӯ иқрор мешавад, ки гӯё қасди оташ задани калисои Архангел Микоил дар Майкоп (Ҷумҳурии Адигея) ва куштани роҳиби онро доштааст.

Ба иттилои “Коммерсант” ҷавони 18-сола, ки рӯзи 11 июл дар бораи боздошташ аз ҷониби ФСБ хабар паҳн шуд, шаҳрванди Тоҷикистон ва Русия будааст, ки қаблан суд нашудааст. Суди шаҳри Майкоп ӯро ба муддати ду моҳ, то 10 сентябр ба СИЗО фиристод.

Тибқи маълумоти тафтишот, гумонбаршаванда пайрави идеологияи “Давлати исломӣ” (дар Тоҷикистон террористӣ эътироф шуда, фаъолияти он мамнӯъ аст) буда, қасди оташ задани калисои православиро доштааст.

Барои ин ӯ як сокини маҳаллиро ҷалб карда, инчунин бо худ василаи анҷоми амали террористиро ба даст овардааст.

Пас аз ҳамла, ӯ нақша доштааст, ки бо билетҳои пешакӣ харидааш ба Истамбул парвоз кунад.

Нисбати гумонбаршаванда бар асоси моддаи “сӯиқасд ба содир кардани амали террористӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ