logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

"Бо санг ба сараш задаанд". Боздошти ду мард дар Шаҳритус бо гумони куштори бародари калониашон

Гумонбарон барои пинҳон кардани ҷиноят ҷасадро дар ҳамон ҷо дар чуқурии тақрибан 30 сантиметр гӯр кардаанд

Your tj

12:5526.12.2025

"Бо санг ба сараш задаанд". Боздошти ду мард дар Шаҳритус бо гумони куштори бародари калониашон

Дар ноҳияи Шаҳритус муноқишаи оилавӣ бо марги як марди 40-сола анҷомидааст. Ба иттилои мақомоти милитсия, ҳодиса рӯзи 23-юми декабри соли 2025 рух додааст.

Гуфта мешавад, се бародар - мардони 40, 38, 35-сола ва як ноболиғи 11-сола барои ҷамъоварии ҳезум рафта, дар вақти нисфирӯзӣ нӯшокии спиртӣ истеъмол кардаанд. Баъдан, тахминан соати 15:00, байни онҳо муноқишаи оилавӣ сар задааст.

Тибқи иттилоъ, бародарони 38 ва 35-сола бародари калониашонро латукӯб намуда, бо санги калон ду маротиба ба сари ӯ зарба задаанд. Ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.

Мақомот мегӯянд, гумонбарон барои пинҳон кардани ҷиноят ҷасадро дар ҳамон ҷо дар чуқурии тақрибан 30 сантиметр гӯр карда, қасд доштаанд шабона онро ба манзили истиқоматиашон интиқол дода, дубора гӯронанд. Аммо онҳо ҳангоми бозгашт ба ҷойи ҳодиса боздошт шудаанд.

Нисбати гумонбарон бо қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

35 минут назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

21 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ