Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:4514.09.2023
Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ-ИМА (“5+1”) иштирок хоҳад кард. Қарор аст ин нишаст 19 ё 20 сентябр дар ИМА баргузор шавад.
«Азия-Плюс» бо истинод ба хадамоти матбуоти президент дар ин бора хабар дод.
Қаблан иттилоъ дода шуд, Эмомалӣ Раҳмон ба ин чорабинӣ, ки дар чаҳорчӯби иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ баргузор мешавад, аз ҷониби президенти Амрико Ҷо Байден даъват шудааст.
Ҳамчунин маълум шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ суханронӣ мекунад.
Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ин манбаъ, роҳбари давлат аз 18 то 21 сентябр дар Амрико хоҳад буд.
Формати “Осиёи Марказӣ – ИМА” (“5+1”) як платформаи муколама ва талошҳои муштараки Иёлоти Муттаҳида ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мебошад. Он пас аз ҷаласаи нахустини вазирони корҳои хориҷӣ дар Самарқанд дар моҳи ноябри соли 2015 таъсис ёфтааст.
Қаблан ин нишаст дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ анҷом дода мешуданд. Ин дафъа мулоқот дар сатҳи баландтар – бо иштироки президентҳо сурат мегирад.
Бахшҳои асосии баҳс дар доираи ин ташаббус амният, иқтисод ва экология мебошанд.
Нишасти охирини вазирони корҳои хориҷӣ дар шакли “5+1” рӯзи 28 феврал дар Остона баргузор шуд. Ҷонибҳо тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодиро ҳам миёни кишварҳои минтақа ва ҳам бо Иёлоти Муттаҳида баррасӣ карда буданд.
444 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад