Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:4803.03.2021
Аз сабаби авҷи COVID-19 дар Тоҷикистон гузаронидани ҳама намуду маросимҳои оммавӣ як муддат манъ карда шуд, ки ин ҳолат низ ба зиндагии гурезагони афғон дар кишвар таъсир расонид. Баъзе аз паноҳандагони афғон аз сабаби тангдастӣ маҷбур мешаванд, фарзандонашонро ҳарчи зудтар хонадор кунанд, то бори зиндагиашон каме сабуктар шавад.
Зиёда аз 40 сол мешавад, ки ҷанги хонумонсӯз дар кишвари ҳамсояаамон Афғонистон идома дорад. Аз ин рӯ қисми зиёди аҳолии ин кишвар ба мамлакатҳои осоишта паноҳ мебаранд. Алалхусус дар Тоҷикистон айни ҳол 4 ҳазору 500 гурезаи афғон ба қайд гирифта шудааст, ки бо азобу машаққат зиндагиашонро пеш мебаранд.
Садаф, як ҷавондухтари 22 солаи афғон, ки се сол қабл аз Афғонистон ҳамроҳи оилааш ба Тоҷикистон паноҳ оварданд, тасмим дорад бо як ҷавони тоҷик издивоҷ кунад. Вале маҳз бо сабаби коронавирус ин ду ҷавон навонистанд тӯйяшонро баргузор кунанд. Падару модари Садаф ба издивоҷи духтарашон бо ҷавони тоҷик комилан розианд.
"Тоҷикистониён мардуми дилсӯз ва меҳрубон ҳастанд, ҳамеша ба мо дасти кӯмак дароз кардаанд. Барои аҳди духтарамон бо як тоҷикписар ҳеҷ мухолифате надорем. Бигзор тинҷию оромӣ шаваду мо хушбахтии фарзандамонро бубинем", – мегӯяд Марям модари Садаф.
Ҷавонписари тоҷик, ки бо Садаф якҷо дар донишгоҳ таҳсил мекарданд, волидонашро ба хостгории Садаф фиристод. Падару модари Садаф барои ин аҳд розигии худро додаанд, айни ҳол кӯшиш доранд, ки барои тӯйи фарзандашон маблағ пасандоз кунанд.
Падари Садаф бошад, ҳатто омодааст, ки духтари хурдиашро низ ба ягон ҷавони тоҷик хонадор кунад, чун дигар умеди баргаштан ба Афғонистонро надоранд.
“Мардуми Тоҷикистон бисёр инсонҳои хуб мебошанд. Аз вақте ба Тоҷикистон омадем, доимо моро дастгирӣ мекунанд, ҳам дар мавриди пайдо кардани ҷойи кор ва дигар мушкилиҳое, ки дорем. Аз сарвари давлати Тоҷикистон низ розӣ ҳастам, чунки мо гурезаҳои афғонро дар кишвари худ ҷой додааст. Мехоҳем бо тоҷикон наздиктар шавем, аз ин рӯ хостгории ҷавони тоҷикро қабул кардем, ҳатто омодаам, ки духтари дуюмамро низ бо ягон ҷавони тоҷик хонадор кунам”, - мегӯяд падари Садаф.
Садаф мегӯяд, паноҳанда будан ва надоштани ҷойи кор барои як духтар мушкил аст, хусусан вақте, тӯяш наздик асту барои хариди лавозимоти арусӣ маблағи калон лозим аст. Айни ҳол Садаф дар ҷустуҷӯи кор мебошад, то ки лавозимоти арӯсиашро харидорӣ кунад.
“Ягона ноновари хона падарам мебошад, ки мо ҳашт нафарро ҳам мехӯронад ва ҳам мепӯшонад. Дар як рӯз ҳамагӣ 50 сомонӣ даромад дорад, ки он барои пардохти иҷораи манзил ва дигар хароҷотҳои зиндагӣ нокифоя аст. Мехоҳам лавозимоти арӯсиямро худам пеш аз тӯй харидорӣ кунам, вале кор ёфта наметавонам, намедонам чӣ кор кунам. Аз як ҷиҳат хушҳолам, ки маҳз бо сабаби пандемия тӯям ба таъхир гузошта шуд, чун ҳоло барои барпо кардани тӯй маблағи кофӣ надорем”,- бо алам мегӯяд Садаф.
Комил Ноёбӣ, дигар гурезаи афғон бошад қатъан зидди издивоҷи афғонҳову тоҷикон мебошад, зеро ба гуфтаи вай рӯзе нест, ки дар маҳалае, ки зиндагӣ мекунад, хабари ҷудошавии ин ё он оиларо нашунида бошад.
“Агар ягон ҷавон ё духтари афғон бо тоҷике издивоҷ кунад, бовар кунед то охир бо ҳам намонда, ҷудо намешаванд. Аммо аз вақте ба Тоҷикистон омадам, ҳафтае нест, ки дар маҳалаамон нафаҳмам, ки касе аз ҳамсараш ҷудо шудааст. Ин ҷо ҳам дахолати калонсолон ва ҳам худи ҷавонон мебошад, ки онҳоро ба ҷудоӣ мерасонад. Ҳаштод фисади тоҷикон дар хонаводаҳои худ зӯровариву хушунат доранд”.
Бино ба иттилои Абдулмусаввир Баҳодурӣ, раиси Созмони муҳоҷирони афғонҳо "Ориёно", соли 2020 ӯро ҳамчун роҳбари паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон ба чор-панҷ маросими гурезаҳои афғон даъват кардаанду халос.
“Коронавирус таъсири худро дар ин самт гузошт. Чандин арусӣ дар меҳмонхонаҳои Душанбе баргузор гашту ман даъватӣ будам. Ҳолатҳое буд, ки бидуни базму ҳофизӣ танҳо бо никоҳ ҷавононро хонадор карданд”, - шарҳ дод Абдулмусаввир.

Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад