Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:0602.06.2022
Беш аз сад шаҳрванди Тоҷикистону Узбакистонро, ки аввали моҳи апрел дар яке аз сохтмонҳои Маскав занозанӣ карданд, аз Русия ихроҷ карда мешаванд.
Мувофиқи қарори додгоҳ, барои дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ҷойгир кардани муҳоҷирон 107 қарор қабул шудааст. Онҳо 90 рӯз дар он ҷо нигоҳ дошта мешаваднд ва пас аз он онҳоро ихроҷ мекунанд.
Муноқиша миёни 60 шаҳрванди Тоҷикистон ва 70 шаҳрванди Узбекистон рӯзи 1 апрел дар сохтмони маҷмааи истиқоматии Маскав дар соҳили Шелепихинская рух дод.
Сабаби сарзадани муноқиша гӯё калимаи «дурак» будааст, ки як муҳоҷир аз Тоҷикистон ҳамтои худ аз Узбекистонро гуфтааст. Пас аз ин ҳодиса ширкаткунандагони занозанӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд ва пулис тасмим гирифт, ки будубоши онҳоро дар кишвар кӯтоҳ ва ихроҷ кунад.
Ҷараёни занозании муҳоҷирон нафаре ба навор гирифтааст, ки онро Радиои “Говорит Москва” дар шабакаи Телеграмми худ нашр карда буд. Дар навор дида мешавад, ки дар задухурд даҳҳо нафар коргарони бо тахтаю арматура мусаллаҳ шуда, иштирок доранд. Ба хамдигар дод зада, санг мепартоянд. Абуҳи ҷангҷӯён оҳиста-оҳиста ба дохили бинои сохташаванда ҳаракат мекунанд. Дар ин замон шумораи бештари муҳоҷирон ба занозанӣ ҳамроҳ мешаванд.
537 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад