logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Бег Сабур ба нафақа рафт. Умед барои беҳбуди сифати алоқа?

Бег Сабур пас аз 14 сол бо курсии мансаб хайрухуш кард.

Your tj

14:0223.01.2025

Бег Сабур ба нафақа рафт. Умед барои беҳбуди сифати алоқа?

Имрӯз, 23-уми январи соли 2025 Бег Сабур бо як фармони президент аз вазифаи раиси Хадамоти алоқа барканор шуд.

Хадамоти матбуоти президенти кишвар сабаби аз вазифа рафтани ӯро “баромадан ба синни нафақа” навиштааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи ӯ Исфандиёри Саъдуллоро таъйин кардааст.

Бег Сабур аз соли 2011 - 14 сол раиси Хадамоти алоқаи кишвар буд. Ӯ борҳо барои сифати паст ва нархи гарони интернет ва тиҷорат танқид шуда, дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд.

Исфандиёри Саъдулло раиси нави Хадамоти алоқа аз соли 2015 то ин замон дар мансаби муовини раиси ширкати “Телерадиоком” кор кардааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine

8 часов назад

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

5 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

5 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

17 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ