Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
"Барои таъмини алоқаи мобилии бефосила дар Тоҷикистон". Бег Сабур ситод ташкил кардааст
Дата публикации: 12:5307.03.2024
Дирӯз, 6-уми март бо фармоиши Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқа Ситоди доимӣ оид ба таъмини алоқаи мобилии бефосила дар Тоҷикистон, бахусус дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд, хабар медиҳад сомонаи ин ниҳод.
Роҳбарии ситодро худи Бег Сабур ба уҳда гирифтааст, муовинаш Аҳлиддин Муртазоев, директори КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг” ва роҳбарони дигар ширкатҳои мобилии кишвар аъзоёни он мебошанд.
Гуфта мешавад, мақсади асосии таъсиси ситоди мазкур “озод намудани сарбории фаъолияти шабакаҳои алоқаи мобилӣ” аст.
Ба иттилои манбаъ, дар кӯтоҳтарин муҳлат дар қаламрави мамлакат, махсусан шаҳри Душанбе, тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.
“...ҳайати ситод ҳар ҳафта ҷаласа гузаронида, оид ба бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта чораандешӣ менамоянд”,- афзудааст Хадамоти алоқа.
Ин дар ҳолест, ки қариб ҳамарӯза сокинони гӯшаҳои гуногуни кишвар аз сифати пасти алоқаи мобилӣ шикоят мекунанд. Мақомот сабаби инро ба фарсуда ё сарбории таҷҳизоти мавҷрасон маънидод мекунанд.
Ҳатто Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар робита ба сатҳу сифати интернет ва нархи он борҳо танқид карда буд.
Хадамоти алоқа охири соли гузашта ба ширкатҳои Tcell ва Мегафон Тоҷикистон (ҶСП “ТТ Мобайл” ва ҶСП “Индиго Тоҷикистон”) расман иҷоза дод, ки ба кишвар хатти интернет ворид кунанд.
Читайте также
Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine
8 часов назад
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
5 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
5 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
17 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
20 дня назад