logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Барои таҳкими фарҳанги тозагӣ. Гурӯҳи ҷавонони "Chisto.Khujand" чӣ гуна шанбегӣ мегузаронанд

Ба шанбегии аввалини «Chisto.Khujand» ҳамагӣ чор нафар омаданд, ба шанбегии охирин - қариб бист нафар. Ҷавонон чӣ гуна сокинонро ба тоза кардани Хуҷанд ҷалб мекунанд?

Файзуллохон Обидов, Your.tj

10:3924.11.2026

Барои таҳкими фарҳанги тозагӣ. Гурӯҳи ҷавонони "Chisto.Khujand" чӣ гуна шанбегӣ мегузаронанд

Гурӯҳи ҷавонони "Chisto.Khujand" иқдоми аҷиб ва ҳамзамон камсобиқаеро пеш гирифтанд. Онҳо бо вуҷуди он, ки банди кору таҳсиланд, ба фаъолияти ҷамъиятӣ вақт ёфтанд. Бо хоҳиши худ ҷамъ шуда, дар гирду атрофи шаҳри Хуҷанд шанбегӣ гузаронида истодаанд. Натиҷаи ҳашарҳои тозагиро дар шабакаи иҷтимоии Instagram зери номи "Chisto.Khujand" мегузоранд.

Аксари корбарон ин ташаббуси ҷавононро гарм истиқбол гирифта, менависанд, ки хунукназарӣ ба партов ва тоза нигоҳ доштани шаҳр яке аз масъалаҳои ҳалталаби рӯз боқӣ мемонад. То ба ҳол ин ҷавонон беш аз 5 маротиба шанбегӣ гузарониданд.

Муаллифи Your.tj бо яке аз фаъолони гурӯҳи "Chisto.Khujand" Муҳаммадхон Абдуллоев дар хусуси чӣ гуна пайдо шудани чунин як иқдоми экологӣ, раванди ташкили шанбегиҳо ва нигоҳи ҷомеа барои ҳамроҳ шудан ба тозакориҳо дар кӯчаҳои шаҳр ҳамсуҳбат шуд.

Ташаббуси "Chisto.Khujand" чӣ гуна пайдо шуд?

Тавре Муҳаммадхон Абдуллоев гуфт, ҳамагӣ моҳе қабл идеяи таъсиси чунин як лоиҳа дар натиҷаи ҳамдастиву ҳамфикрии аҳли гурӯҳашон ба миён омад.

"Ҳар кадоме аз мо мехост, то кори хубу савобе кунад, вале ҳар кас тасаввури худро дошт. Рӯзе мо, дӯстон ба фикре расидем, ки бояд коре кунем, то ба мардум фоидаамон расад. Дар натиҷаи муҳокима самти корро ёфтем, он масъалаи тозагии муҳити шаҳр буд", - ба ёд овард ҳасуҳбати мо.

 
 
 
 
 
Посмотреть эту публикацию в Instagram
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Публикация от Команда чистоты Худжанд (@chisto.khujand)

Онҳо бар ин назар буданд, ки тоза кардани муҳите, ки худашон дар он зиндагӣ мекунанд, ба ҳаёту саломатии худу наздикон низ таъсир мерасонад.

- Ҳар қадар ифлосӣ зиёд бошад, ба ҳамон андоза бемориҳо бештар паҳн мешаванд. Дар ҷойҳои ифлос тараканҳо ва каламушҳо пайдо шуда, сагу гурбаҳои кӯчагӣ бемор мешаванд. Ғайр аз ин, ифлосӣ барои насли оянда хатарнок аст, - бовар дорад Муҳаммадхон.

Ӯ бо мисоли одӣ оқибатҳои хунукназарӣ ба партовро шарҳ дода, саволгузорӣ кард. Тасаввур кунед, кӯдак дар майдончаи бозӣ сайр мекунад ва дар он ҷо партов ҷамъ шудааст. Дар миёни партов сӯзандоруи истифодашуда хобидааст. Агар дасташро бо он захмдор кунад- чӣ?

Оғози кори лоиҳа чӣ хел буд?

Онҳо дар нахустин шанбегӣ ҳамагӣ 4 нафар буданд. Аллакай, дар шанбегии охирин бо ҳамроҳии фаъолони «Dav.Tj» ва ризокорони «Eco TUT» тақрибан 20 нафар ҷамъ омад.

Дар дили ҷавонон дар аввали кор шубаҳое пайдо мешуд, ки "агар бори аввал нашавад чӣ?" ё "агар касе дастгирӣ накунад чӣ?". Лекин ин тавр нашуд. Ташаббуси онҳо аз ҷониби як ширкат дастгирӣ ёфт.

"Шарики асосӣ ва то ба ҳол ягонаи мо ширкати «Химус» бо маҳсулоти «Пари» аст, ки ташаббуси экологии моро дастгирӣ кард. Мо медонистем, ки партов мушкили воқеӣ аст ва бисёриҳоро бетафовут намегузорад, бинобар ин боварӣ доштем, ки одамони зиёд ба мо ҳамроҳ мешаванд", - иброз дошт Муҳаммадхон.

"Ҳадафи асосӣ танҳо тоза кардани кӯчаҳо нест"

Ҳадафи "Chisto.Khujand" аз аввал танҳо тоза кардани кӯчаҳо набуд. Зеро онҳо бо истифодаи танҳо қувваи худ имкон надоранд, ки кулли шаҳрро тоза кунанд.

- Барои ҳамин мо шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан, Instagram - ро интихоб кардем. Бо контенти худ мехоҳем ба мардум нишон диҳем, ки дар шаҳрамон проблемаи партов ҷой дорад ва ин ифлосиро бояд бартараф кард, - фаҳмонид ҳамсуҳбати мо.

 
 
 
 
 
Посмотреть эту публикацию в Instagram
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Публикация от Команда чистоты Худжанд (@chisto.khujand)

Ба фикри вай, солҳои охир одамон ба тозагӣ камтар аҳамият медиҳанд. Шояд ин бар он хотир бошад, ки дар кӯдакистону мактабҳо ба фарҳанги тозагӣ ва муносибат ба партов кам аҳамият медиҳанд.

"Имрӯз барои мардум, хосатан, ба ҷавонон расонидани фикре, ки тоза кардан ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист хеле муҳим аст, амри зарурист.

Яъне, мо мехоҳем, ки бо наворҳои худ ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки партовро дар ҳар ҷойи хостаамон партофтан дуруст нест. Барои ҳифзи тозагии муҳити зист эҳсоси масъулият аввалиндараҷа аст" , - ҳадафи "Chisto.Khujand" - ро шарҳ дод Муҳаммадхон.

Аввалин шанбегӣ кай ва дар куҷо баргузор шуд?

Аввалин шанбегӣ ҳанӯз 3 -юми октябри соли ҷорӣ оғоз ёфта буд. Ҷойи тозакунӣ соҳили дарёи Сир, назди Боғи Ғалаба интихоб шуд.

- Ин ҷо дар мавсими тобистон одамони зиёде барои сайру оббозӣ меоянд. Он ҷо баъд аз мавсим хеле ифлос шуда буд. Қарор додем, ки аввалин шанбегиро маҳз дар ин соҳил гузаронем.

 
 
 
 
 
Посмотреть эту публикацию в Instagram
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Публикация от Команда чистоты Худжанд (@chisto.khujand)

Он рӯз мо 4 нафар будем. Дар бораи шанбегӣ эълони дода будем, мутаассифона, ғайр аз аъзои дастаамон касе наомад. Руҳафтода нашуда, ду соат кор кардем. Он ҷо ба қадре тоза шуд, - ба ёд овард Муҳаммадхон.

"Вақте моро бо дастпӯшак ва халтаҳои партов дар кӯчаҳои шаҳр медиданд"

Муҳаммадхон бар ин назар аст, коре, ки мекунанд, ягон ҷойи шарм надорад. Зеро бо ин амали дурусташон ба ҷомеа фоида меоранд.

"Онҳое, ки чунин корро маҳкум мекунанд, ё айб медонанд, бегумон худашон дар ҷойе, ки рост омад, партов мепартоянд", - афзуд ӯ.

Дар рӯзе, ки нахустин шанбегиро дар соҳили Сирдарё гузарониданд, он ҷо касе набуд. Вале дар шанбегиҳои баъдӣ вокуниши роҳгузарон ҳамеша мусбат будааст. Онҳо ба назди ҷавонони тозакор омада, мегуфтаанд, "офарин, кори хуб мекунед".

 
 
 
 
 
Посмотреть эту публикацию в Instagram
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Публикация от Команда чистоты Худжанд (@chisto.khujand)

Инчунин, ҷавононро шарҳҳои мусбате, ки зери наворҳои дар Instagram гузоштаашон менависанд, руҳбаланд мекунад. Мазмуни бештари шарҳҳои корбарон чунин буд, "кори савобе, ки мекунед, бояд идома дод".

Макони баргузории шанбегиҳо чӣ гуна интихоб мешавад?

Маконро асосан аз рӯи шарҳҳо, ки корбарон дар Instagram менависанд, интихоб мекунанд. Онҳо ба саҳифаи "Chisto.Khujand" суроғаи ҷойҳои ифлосро равон мекунанд.

"Дастаи мо барои тоза кардан ба чунин ҷойҳо бештар таваҷҷӯҳ дорад, ба мавзеъҳое, ки одамон, кӯдакон сайр мекунанд, ёдгориҳо, маркази шаҳр. Одатан, чунин ҷойҳо бештар ба чашм мерасанд", - фаҳмонид Муҳаммадхон.

Дастаи ҷойҳои пешниҳодшударо рафта мебинад. Баъди интихоб шудани ҷойи шанбегӣ видео-муроҷиат барои ҷалби сокинон сабт мекунанд. Дар он хабар медиҳанд, ки фалон рӯз ва соат шанбегӣ мешавад.

 
 
 
 
 
Посмотреть эту публикацию в Instagram
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Публикация от Команда чистоты Худжанд (@chisto.khujand)

"Кӯшиш мекунем, ки дар ҳар 1 ё 2 ҳафта як маротиба ҷамъ шавем. Рӯзи якшанбе, соати 10 - 11-ро интихоб кардем. Зеро субҳи барвақт на ҳамаи ҷавонон бедоранд. Рӯзи шанбе бисёре аз донишҷӯён дарс доранд. Одамони коргар низ банди коранд", - илова кард ҳамсуҳбати мо.

Ба шанбегиҳо асосан киҳо меоянд?

Дар миёни иштирокчиёни шанбегӣ на фақат донишҷӯён, балки одамони калонсол, кормандони ташкилоти гуногун низ ҳастанд. Ҳоло иштирокчиёни доимӣ каманд.

"Ғайр аз дастаи мо як марди оиладор низ мунтазам ба шанбегиҳо меояд. Дар саҳифаи Telegram мо донишҷӯён, хонандагон ва ҳам намояндагони касбҳои гуногун ҳастанд. Вале ба шанбегиҳо асосан калонсолон меоянд", - изҳор дошт Муҳаммадхон.

Дастгирии молиявии дастаи "Chisto.Khujand"

Муҳаммадхон в гурӯҳаш халтаҳои партов, дастпӯшакҳо ва дигар лавозимотро бо дастгирии ширкати «Химус» ва маҳсулоти «Пари» мехаранд. Ташаббуси онҳоро маҳз ин шарикашон аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ карда истодааст.

"То имрӯз тақрибан беш аз 5 шанбегӣ гузаронидем. Дар соҳили шаҳр, зери пули назди ДДХ, микроноҳияи 18, «Мардикор-бозор» ва дар маҳаллаи Баҳор. Ҳисоби махсус намебарем, ки чӣ қадар партов ҷамъ шуд ё чанд шанбегӣ гузашт. Зеро ин корро барои ҳисобот намекунем", - бо қатъият гуфт қаҳрамони мо.

Ҳоло онҳо дар масъалаи гузаронидани шанбегиҳо бо мақомоти маҳаллӣ робита надоранд. Вале дар оянда мехоҳанд, ки ҳамкории зич дошта бошанд. Зимнан, бо хадамоти коммуналӣ, аллакай, ҳамкорӣ доранд. Онҳо барои кашонидани партовҳои ҷамъоваришуда мошин ҷудо мекунанд.

Лаҳзаҳои аҷибу нороҳаткунанда дар ҷараёни шанбегиҳо

Тавре қаҳрамони мо нақл кард, дар вақти сабти як навор бо онҳо ҳодисаи ғалатии ноумедкунандае рӯй дод.

"Мо барои сабти видео-муроҷиат ба мардум, ки партовро дар ҳар ҷо напартоянд, омодагӣ медидем. Аммо ҳангоми таҳрири навор дидем, ки дар фони навор чунин лаҳза сабт шудааст. Як ҷавон аз мошин фаромада, партовро ба ҷӯй партофтаасту боз савор шуда рафтааст. Ин манзара моро ҳам хандонид ва ҳам ба ҳайрат гузошт", - бо эҳсос гуфт қаҳрамони мо.

 
 
 
 
 
Посмотреть эту публикацию в Instagram
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Публикация от Команда чистоты Худжанд (@chisto.khujand)

Онҳо шанбегии дуюмро зери пули назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гузаронида буданд. Аммо баъди ду ҳафта ҳамон макон боз ба андозаи пештара, ҳатто шояд бештар, ифлос шуда буд

"Ин ҳолат моро сахт дилгир ва нороҳат кард. Маълум шуд, ки баъзеҳо на ба тозагии муҳит ва на ба меҳнати дигарон эҳтиром мегузоранд", - афсӯсомез гуфт Муҳаммадхон.

Сабаби асосии ифлосӣ дар кӯчаҳо

Ба назари Муҳаммадхон, сабаби асосии ифлос мондани баъзе аз кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд фақат дар кам будани қуттиҳои партов нест.

- Норасоии қуттиҳо ин як баҳонаро мемонад. Сабаби асосӣ бемасъулиятии сокинон аст. Сатҳи пасти фарҳанги тозагӣ ва огоҳии экологии мардум боис шуда, ки имрӯзҳо дар кӯчаҳо тӯдаҳои партов зиёд мешавад. Баъзеҳо партовро мебинанд, аммо масъулияти ҷамъоварии онро танҳо бар дӯши кӯчарӯбону партовкашонҳо медонанд. Чунин муносибат нишонаи бемасъулиятӣ ва беэҳтиромӣ ба меҳнати дигарон аст, - бо нигаронӣ гуфт Муҳаммадхон.

 
 
 
 
 
Посмотреть эту публикацию в Instagram
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Публикация от Команда чистоты Худжанд (@chisto.khujand)

Баргузории шанбегиҳо мушкили тозагии шаҳрро то куҷо ҳал мекунад?

Тавре ҳамсуҳбати мо гуфт, шанбегӣ танҳо яке аз чораҳои даъват ба тозагӣ аст, на ҳалли масъалаи ифлосӣ ва партовпартоӣ дар ҷойҳои муқаррарнашуда.

"Ба фикри ман, барои ҳалли ин мушкилӣ пеш аз ҳама, корҳои пайвастаи маърифатӣ, ҷазо додани қонуншиканон ва тарбияи фарҳанги тозагӣ аз хурдӣ заруранд. Ҳамзамон, бояд мардумро ба ташкили шанбегиҳо, тоза нигоҳ доштани ҳавлӣ ва маҳаллаи худ ташвиқ кард", - афзуд вай.

Муҳаммадхон ба ҷавононе, ки мехоҳанд, пайравони ӯву дастааш бошанд, гуфтанист, ки муҳим танҳо дар оғоз кардани корест, ки ба муҳит ва одамон суд меорад.

- Аз танқиди дигарон натарсед. Ҳамеша нафароне пайдо мешаванд, ки дастгирӣ мекунанд. Чӣ қадар одамон ба ин кор ҳамроҳ шаванд, ҳамон қадар натиҷа беҳтар мегардад. Зеро барои тозагии муҳити зист саъю кӯшиши ҳар яки мо зарур аст, - хулоса кард вай.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine

7 дня назад

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

12 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

13 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

24 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

27 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ