Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:0114.01.2022
Тибқи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 фурӯш ва аз нав бақайдгирии симкортҳо дар Тоҷикистон дар асоси шиносномаи шаҳрвандии навъи пластикӣ (ID) анҷом дода мешавад. Яъне шаҳрвандоне, ки дорои шиносномаҳои куҳнаанд, уҳдадоранд, ки то 15-уми феврали соли 2022 шиносномаҳояшонро нав кунанд ва аз нав симкортҳои худро дар ширкатҳои мобилӣ ба қайд гиранд.
Ин амалиёт бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2016 “Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” бақайдгирии симкортҳои мобилии шаҳрвандон бо шиносномаҳои пластикӣ ID, ҷорӣ карда шудааст.
Мутобиқи банди 3-и қарори мазкур ба номи як шахс дар асоси шиносномаи ID танҳо доштани 2 SIM-корт аз тамоми ширкатҳои мобилӣ иҷозат дода мешавад.
Қарори ивази шиносномаҳо моҳи феврали соли 2019 роҳандозӣ шуд ва барои ин кор ба сохторҳои дахлдор то моҳи августи соли 2019 муҳлат доданд. Аммо дар ин муддат аксарият шиносномаҳояшонро иваз накарданд ва Ҳукумати кишвар муҳлатро то 15-уми феврали соли 2020 тамдид карда буд.
Вале дар ин муҳлат ҳам мардум натавонистанд шиносномаҳои худро иваз карда, симкортҳои худро дубора ба қайд гиранд. Аз ҳамин лиҳоз ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои ивази шиноснома то 15 феврали соли 2022 муҳлат дода шуд.
Тавре мақомоти корҳои дохилӣ мегӯянд, онҳое, ки телефони мобилӣ ва симкорт надоранд, вазифадор нестанд, ки шиносномаи куҳна ваё коғазии соли 1996-ро бо шиносномаи пластикӣ иваз кунанд. Тибқи қарори ҳукумат, танҳо муштариёни ширкатҳои мобилӣ бояд симкортҳои худро бо шиносномаҳои пластикӣ ё ID дубора сабтином намоянд.
Барои иваз намудани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 ба намунаи нави соли 2014 ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи Қарори ҳукумати кишвар гирифтани шиносномаи намунаи соли 2014 барои иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, нафақахӯрон ва маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 ба таври ройгон мебошад.
Малика Сафарзода
8159 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine
8 часов назад
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
5 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
5 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
17 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
20 дня назад