Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:5502.05.2025
Исматулло Абдуллозода, директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва муовинони ӯ барои “камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолият” аз вазифаҳояшон барканор карда шуданд.
Ин дастурро Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз, 2-юми май додааст менависад Хадамоти матбуоти роҳбари давлат.
Зайнулло Шарифзода, директори нави Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон таъйин шуд.
Ӯ то ин дам дар вазифаи директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Тоҷикистон кор мекард.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навро барои ишғоли вазифаҳои роҳбарию фармондеҳӣ дар сохторҳои муҳим, аз ҷумла Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва як қатор ниҳодҳои дигари давлатӣ ба ҳузур пазируфта, ба онҳо дастурҳои мушаххас дод.
Бар асоси фармонҳои президент:
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ як қатор таъйинотҳо сурат гирифтанд. Аз ҷумла:
Ҳамчунин, роҳбарони Маркази миллии тарҷума ва маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии “Ишкошим” ва “Данғара” низ бо кадрҳои ҷавон иваз гардиданд.
Президенти кишвар зимни мулоқот бо кадрҳои навтаъин ба масъулони бахшҳои мудофиа ва сарҳад таъкид намуд, ки назорати интизоми ҳарбӣ, сатҳи омодагии ҷангӣ, аз худкунии забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири низомӣ бояд тақвият дода шавад.
Ҳамчунин, ба истифодаи сариштакоронаи нерӯи барқ, коҳиши талафоти техникӣ ва пешгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии он дастурҳои қатъӣ дода шуд.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки дар интихоби кадрҳо бояд ба савияи донишу малака, касбият ва ҳисси масъулиятшиносӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.
1308 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад