Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:2813.10.2022
Ширкати “Барқи тоҷик” баъди беш аз ду ҳафтаи шикояти сокинон аз маҳдудияти нерӯи барқ дар ноҳияҳои кишвар, ахиран рӯзи 12 –уми октябр ин камбудиро тасдиқ намуд ва эълон кард, ки “вазъият ҳаминро тақозо мекунад”.
Дар эъломияи “Барқи тоҷик” гуфта шудааст, ки ҳоло обанбори НБО «Норак» то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шудааст ва бо дарназардошти пешгӯӣ шудани норасоии мавсимии нерӯи барқ, эҳтимоли то баҳор басанда набудани захираҳои об дар низоми энергетикии кишвар ба миён омадааст.
“Маҷрои дарёи Вахш дар тобистон ба ҳисоби миёна аз 2000 то 2200 метри мукааб дар як сонияро ташкил дода, ин нишондиҳанда дар фасли зимистон ба 150 – 200 метри мукааб баробар мешавад. Бинобар ин, барои истеҳсоли барқ дар мавсими зимистон асосан оби дар обанбор захирашуда истифода мегардад”, - далел пеш овардааст “Барқи тоҷик”.
Ин ниҳод гуфтааст, онҳо “дар рӯзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ дар як қатор зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмирӣ гузаронида мешаванд”.
“Амалисозии ин тадбирҳо имкон медиҳад, ки шабакаҳои барқӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дар сатҳи хуб омода мешаванд ва оби сарфагардида дар мавсими сармо барои таъмини шабонарӯзии аҳолӣ бо нерӯи барқ истифода мегардад”, - гуфтаанд онҳо.
Ин ниҳод гуфтааст, онҳо “ҳеҷ гоҳ хоҳишманди маҳдуд кардани интиқоли барқ ва бебарқ мондани мардум нестанд, вале имрӯз вазъият ҳаминро тақозо менамояд”.
Ширкат аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар давраи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ нерӯи барқро сарфакорона истифода баранд.
Ёдовар мешавем, ки беш аз ду ҳафта аст, аксар сокинони ноҳияҳои Тоҷикистон аз интиқоли барқ рӯзона аз соати 8:00 то 17:00 шикоят мекунанд.
Масъулини ширкати “Барқи тоҷик”, вуҷуди лимити барқро дар кишвар рад мекарданд ва мегуфтанд, дар ноҳияҳое, ки барқ барои чанд соат қатъ мешавад, он барои корҳои таъмирӣ дар системаи барқрасонӣ сурат мегирад.
749 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад