Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 10:5410.06.2022
Се ҷавони тоҷик, моҳе қабл барои зиёрати Каъба ба роҳ баромада буданд ва бо тай кардани наздики 3 ҳазор километр то Дубай расиданд. Аммо ба онҳо додани раводид ба Арабистони Саудиро рад карданд.
Яке аз зоирин Диловар Ғафуров гуфт, ки ба онҳо раводид надодаанд ва гуфтаанд, ки барои ин ба мақомоти кишварашон муроҷиат кунанд.
«Ба мо раводид надоданд, то ба Арабистони Саудӣ барои ҳаҷ биравем. Ба мо гуфтанд, ки бо мақомоти кишварамон тамос бигирем, то раводид бидиҳанд. Албатта, мо интизор доштем, ки ин гуна мушкилот метавонад ба миён ояд, лекин ба ин сафари душвор мо барои он баромадем, ки синнамон аз 40 – сола поён аст, дар Тоҷикистон танҳо ба шахсони 40 – 65 сола иҷозаи сафари ҳаҷ дода мешавад”, - гуфт Диловар.
Диловар ва ду дӯстонаш умед доранд, ки мақомоти дахлдори кишвар онҳоро мефаҳманд ва барои ба таври онлайн омода кардани раводид кӯмак мекунанд.
Бояд гуфт, ки се ҷавони тоҷик Диловар Ғафуров, Саидалй Назаров ва Шокир Талабов моҳе пеш паз аз анҷоми Моҳи Рамазон бо дучарха барои зиёрати ҳаҷ ба роҳ баромаданд.
Онҳо барои ин сафар аз аввали моҳ омадагӣ гирифтанд ва роҳашонро аз Тошканд оғоз карда тавассути Боку ва Эрон то Дубай расиданд ва чанд рӯз аст, ки барои ба даст овардани раводид он ҷо қарор доранд, то роҳашонро идома диҳанд. Барои то Каъба расидан ин ҷавонон бояд боз 1890 км роҳро тай кунанд. Аммо ҳамааш аз гирифтан ё нагирифтани раводид вобастагӣ дорад.
Муфассалтар оиди сафари ин ҷавонон дар маводи дигари мо бихонед!
924 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
34 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад