Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Ба собиқ афсари ВКД 20 соли зиндон талаб кардаанд. Ӯ ба одамрабоӣ ва куштор айбдор мешавад
Дата публикации: 10:4027.02.2024
Айбдоркунандаи давлатӣ аз суд талаб кард, ба собиқ подполковники Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Акмал Юсуфзода 20 соли зиндон дода шавад, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
Юсуфзода дар рабудани Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи тиҷоратӣ ва даст доштан дар куштори ӯ муттаҳам мешавад.
Вакили дифои айбдоршаванда бо талаби прокурор аз суд розӣ нест.
Айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 23 феврал дар суд гуфтааст, сабаби ин ҳодиса рашки Акмал Юсуфзода аз мукотибаи ҳамсараш бо омӯзгори Донишгоҳи тиҷоратӣ Исмоил Раҳмонов дар мессенҷери Фейсбук будааст.
Ба гуфтаи проркурор, судшаванда чанд бор навиштаҳои ҳамсарашро бо омӯзгор дар Фейсбук дида, ахириро огоҳ кардааст, ки дигар ба ҳамсари ӯ паёмҳои ошиқона нанависад. Ҳамсари ин афсари собиқ омӯзгори забони англисии Донишгоҳи тиҷоратӣ аст ва ҳамкори Исмоил Раҳмонов буд.
Аммо наздикони Раҳмонов ин даъворо рад карда мегӯянд, миёни ҳамсари Юсуфзода ва хешованди онҳо ба ҷуз муносибатҳои корӣ дигар чизе набуд.
Дар маводи парвандаи ҷиноятӣ гуфта мешавад, ки Акмал Юсуфзода шаби 12 июни соли 2023 тасмим гирифтааст, ки омӯзгорро "ҷазо диҳад". Ӯ Исмоил Раҳмоновро аз назди қурутобхонаи “Муслим”-и шаҳри Душанбе рабуда, зӯран ба мошинаш савор карда, ба самти ноҳияи Айнӣ бурда, омӯзгорро бо дастони баста ба яке аз ҷойҳои серталотуми дарёи Фон партофтааст.
Прокурор гуфтааст, Акмал Юсуфзода ҳамчун зодаи вилояти Суғд медонист, ки дар километри 118-и роҳи Душанбе-Чаноқ дарёи Фон пурталотум аст ва “одам наҷот намеёбад”. Бар замми ин, ӯ дастони Раҳмоновро баста ва ин корро дар шаб анҷом додааст.
Ҳамин тариқ, Юсуфзода на танҳо ба одамрабоӣ, балки ба куштор низ айбдор карда шуд. Аз рӯи ду иттиҳом прокурор ба ӯ 20 соли зиндонро талаб карда шудааст.
Ин ҳафта худи Юсуфзода сухани охиринашро дар додгоҳ баён мекунад ва баъди он, ҳукм бароварда мешавад.
Ба ҷуз Акмал Юсуфзода, хеши ӯ Исмоилҷон Шукуров низ дар курсии айбдорӣ нишастааст. Ба таъкиди прокурор, шаби ҳодиса Шукуров дар рабудани омӯзгор бевосита даст доштааст. Дар суд ду вакили дифоъ аз ҳаққи ӯ ҳимоят мекунанд.
Ба гуфтаи онҳо, зерҳимояи онҳо аз нияти Акмал Юсуфзода хабар надошт ва гумон кардааст, ки афсар дар рабудани кадом ҷинояткор ба кумак ниёз дорад.
Прокурор ин нишондодро рад карда аз додгоҳ хостааст, ба Шукуров 12 соли зиндон дода шавад. Аз суханони прокурор ва вакилони мудофеъ маълум шуд, ки Исмоилҷон Шукуров ҳангоми рабудани Раҳмонов бо Акмал Юсуфзода буда ва ӯро то нақби “Истиқлол” ҳамроҳӣ кардааст.
Вакилони дифоъ батакрор гуфтаанд, ки Исмолиҷон Шукуров аз нияти афсар хабар надошт ва барои ҳамин гунаҳкор кардани ӯ ба одамрабоӣ нодуруст аст. Онҳо гуфтаанд, ин нафар бояд танҳо барои хабар надодан дар бораи ҷиноят гунаҳкор дониста шавад.
Пас аз шаш моҳи тафтишот парвандаи рабуда шудани омӯзгори Донишгоҳи тиҷоратӣ дар охири моҳи январ ба Суди олӣ фиристода шуд.
Исмоил Раҳмонов зодаи ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин) буда, дар кафедраи менеҷменти Донишгоҳи тиҷоратӣ кор мекард. 38-сола ва соҳиби чор фарзанд.
384 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
1 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
1 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
4 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
4 дня назад
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
8 дня назад