logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Баҳси “лимит”-и барқ ва реҷаи он дар "Барқи тоҷик"

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” 11-уми феврал гуфт, барқ дар кишвар аз соати 8 то 17 ва аз соати 22 то 5-и субҳ қатъ карда мешавад.

Your tj

16:5711.02.2025

Баҳси “лимит”-и барқ ва реҷаи он дар "Барқи тоҷик"

Баҳси “лимит”-и барқ ва иҷро нашудани реҷаи муайяншудани таъмини аҳолӣ бо барқ дар нишасти хабарии “Барқи тоҷик” садо дод.

Маҳмадумар Асозода раиси ширкати “Барқи тоҷик” 11-уми феврал гуфт, барқ дар кишвар аз соати 8 то 17 ва аз соати 22 то 5-и субҳ қатъ карда мешавад.

Яъне мувофиқи ин реҷа дар минтақаҳое, ки “лимит”-и барқ ҷорӣ аст, бояд аҳолӣ 8 соат бо барқ таъмин шаванд. Аммо новобаста аз ин сокинони минтақҳои гуногуни кишвар шикоят мекунанд, ки реҷаи муайяншудаи маҳдудияти барқ иҷро намешавад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Асосоза раиси ширкати “Барқи тоҷик” гуфт норасоии нерӯи барқ дар кишвар мавсимӣ буда, танҳо дар фасли тирамоҳу зимистон ба назар мерасад.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон 28-уми декабри соли 2024 гуфт, аз моҳи майи соли 2027 Тоҷикистон аз ҳисоби истеҳсоли нерӯи барқ дар "Роғун" ва силсилаи нерӯгоҳҳои дарёи Вахш норасоии нерӯи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон пурра ба "истиқлолияти энергетикӣ" ноил мегардад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

33 минут назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

21 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ