Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:1927.01.2026
Як сарбози ҷавон дар яке аз воҳидҳои нерӯҳои марзбонӣ дар вилояти Хатлон ҷони худро аз даст додааст. Муҳаммадсаид Саидови 20-сола, сокини ноҳияи Ёвон, рӯзи 21 январ дар яке аз воҳидҳои марзбонии ноҳияи Ҳамадонӣ ба пешонии худ тир задааст.
Ду манбаи Радиои Озодӣ аз мақомоти интизомии вилоят, рӯзи 26 январ гуфтаанд, ки сарбоз бо сабабҳои номаълум бо силоҳи хидматиаш ба ҷони худ сӯиқасд кардааст. Ба гуфтаи яке аз мусоҳибон, ӯ тақрибан як солу чаҳор моҳ дар сафи нерӯҳои марзбонӣ хидмат мекардааст.
“Дар робита ба ин ҳодиса додситонии низомии минтақаи Кӯлоб парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Айни ҳол тафтиши ҳамаҷонибаи сабабу омилҳои марги сарбоз идома дорад”, - гуфтааст манбаъ ба Радиои Озодӣ.
Муҳаммадсаид Саидов сокини деҳаи Қурбонбеки ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфии ноҳияи Ёвон будааст. Ба иттилои мусоҳибон, баъд аз анҷоми муоинаи зарурӣ ҷасади ӯ ба пайвандонаш супурда шудааст.
Ин дуввумин ҳолати чунин марг дар миёни сарбозони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ду моҳи охир арзёбӣ мешавад. Қаблан мақомоти интизомӣ хабар дода буданд, ки Шоҳдил Ҷӯразодаи 20-сола, сарбозе, ки моҳи декабр дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нопадид шуда буд, худкушӣ кардааст. Ҷасади ӯ баъдан дар қаламрави Афғонистон, дар он сӯи рӯдхонаи Панҷ пайдо шуд.
Читайте также
Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine
16 часов назад
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
5 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
5 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
17 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
20 дня назад