logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

"Ба артиш неву ба Русия рафтааст". Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати як ҷавони 22-сола

Гуфта мешавад, ӯ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудааст.

Your tj

14:3413.11.2024

"Ба артиш неву ба Русия рафтааст". Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати як ҷавони 22-сола

Дар ноҳияи Зафаробод нисбати як ҷавонписар барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ парванда ҷиноятӣ кушода шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 12-уми ноябр дар як хабар навишт, ки ҷавони 22-сола ба ҷои ҳозир шудан ба Комиссариати ҳарбӣ ба Русия рафтааст.

“Гумонбар бо баҳонаи саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ бе ягон сабабҳои узрнок ба Комиссириати ҳарбии ноҳияи Зафаробод ҳозир нашуда, ба Федератсияи Россия рафта, аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудааст”,- менависад ин ниҳод.

Дар ин бора назари худи ҷавон маълум нест.

Мақомот мегӯянд нисбати ӯ бо моддаи 343-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст ва тафтишот идома дорад.

Ин банди қонунгузорӣ ҷарима ё то 2 сол зиндон пешбинӣ мекунад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

4 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

5 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

17 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

20 дня назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ