logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Ҷазои ҷиноятӣ барои "лайк" бекор карда шуд

Президент иловаҳо ба “Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро имзо кард.

Your tj

10:4214.05.2025

Ҷазои ҷиноятӣ барои "лайк" бекор карда шуд

Дар Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ барои гузоштани лайк ё дигар аломат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бекор карда шуд.

Тавре Хадамоти матбуоти президент хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 14-уми май ба як қатор қонунҳо, аз ҷумла ворид намудани иловаҳо ба “Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” имзо гузошт.

Ҳамчунин, бо имзои президент Қонун “Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ” қабул гардид. Гуфта мешавад, ин қонун ба дастгирӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ равона гардидааст.

Ба иттилои манбаъ қонунҳои мазкурро Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд.

Матни пурраи қонунҳо дар матбуот нашр мешавад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine

8 часов назад

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

5 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

5 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

17 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ