Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:5410.08.2023
Барои кор дар Британияи Кабир аз Тоҷикистон дар 6 моҳи соли ҷорӣ 646 нафар муҳоҷир шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 260 нафар бештар аст. Дар ҳамин давраи соли 2022-юм 386 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир рафтаанд.
Қиёмиддин Давлатзода, муовин вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, барои кор дар Британияи Кабир ба вазорат то ҳол беш аз 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.
Кор дар Британияи Кабир барои шаҳрвандони Тоҷикистон самти нав буда, Вазорати меҳнат аз соли гузашта дар якҷоягӣ бо мақомоти Британияи Кабир барои фиристодани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ин кишвар оғоз кард.
Инчунин, 10-уми октябри соли гузашта бар асоси созишномаи дуҷониба бо ҳукумати Корея авввалин гурӯҳи тоҷикистониён ба ин кишвар раҳсипор шуд. Вале баъдтар бо сабаби риоя нашудани қоидаҳои будубош аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик пешниҳоди квота барои шаҳрвандони Тоҷикистон муваққатан қатъ гардид.
Дар ин замина, тавре дар Вазорати меҳнат гуфтанд, Русия самти асосии муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Дар охири семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Русия 663 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тариқи патент расман дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 дарсад кам аст.
Ҳамчунин, дар 6 моҳи соли ҷорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳо зерин ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд:
Туркия - 99 нафар;
Латвия - 52 нафар;
Литва - 63 нафар;
Венгрия - 23 нафар.
487 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
33 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад