logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

Чанде пеш Абдулҳафиз дар болои боми манзиле, ки зиндагӣ мекунанд, парчами Тоҷикистонро гузошт.

Файзуллохон Обидов

15:3811.11.2026

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

Як ҷавони тоҷик қаҳрамони матолиби расонаҳои қирғизӣ шуд. Вай дар Британияи Кабир дар ҳудуди бошишгоҳе парчами кишвари Қирғизистонро, ки фарсуда шуда буд, аз ҳисоби худ нав кард. Дар ин мавзеъ муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон зиндагӣ доранд.

Акнун дар шаҳри Лидс, фирмаи қулфинайпарварии Макинс парчамҳои нави Тоҷикистону Қирғизистон алвонҷ мехӯрад. Корбарони тоҷику қирғиз ин манзараро аз навор тамошо карда, навиштанд, ки амали неки ҷавонро намунаи хуби эҳтиром ба ҳамдигар, рамзи пойдории дӯстии халқҳо донистанд.

 
 
 
 
 
Посмотреть эту публикацию в Instagram
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Муаллиифи Your.tj  бо ин ҷавони тоҷик, ки дар хориҷи кишвар бо чунин амали нек шинохта шуд, ҳамсуҳбат шуд.

Ҷавоне, ки ба парчами ҳамсоякишвар эҳтиром гузошт - кист?

Ин ҷавон Абдулҳафиз Ҳофизов ном дошта, ҳамагӣ 21 сол дорад. Ӯ зодаи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд аст.

- Зиндагӣ ба ҳар инсон роҳи гуногунро пеш мегузорад. Расо 4 моҳ пеш насибам шуд, ки барои дарёфти кор ба Англия оям. Номи аслиам Абдулҳафиз аст, аммо барои хориҷиён талаффузи он каме душвор. Барои ҳамин маро Абдулло ном мебаранд.

Имрӯз мо бо ғунучини ҳосил дар гармхонаҳои Англия ва Шотландия машғулем. Дар ин ҷо низ барои коргар масъулият ва меҳнатдӯстӣ  ҳатмист. Ман бо дили гарм  кор карда истодаам, - гуфт Абдулҳафиз.

​"Чаро парчами Қирғизистонро навашро харидаму гузоштам?"

Чанде пеш Абдулҳафиз дар болои боми манзиле, ки зиндагӣ мекунанд, парчами Тоҷикистонро гузошт.  Дар ин замон чашми ӯ ба парчами кишвари ҳамсоя - Қирғизистон низ афтод.

"Дидам, ки парчами кишвари ҳамсоя кӯҳна шудааст. Аз рӯи инсондӯстӣ хостам, ки парчами онҳоро ба наваш иваз намоям. Парчамҳоро дар мағозаи интернетии "TEMU" фармоиш додам. Фикр кардам, ин кор як каме дилҳоро шод мекунаду дӯстии миёни ҷавонони моро қавитар.

Боз бо умеде ин корро кардам, ки дигарон низ мисли ман ба парчам ва муқаддасоти кишвари мо эҳтиром гузоранд. Барои ҳар инсони комил эҳтиром кардани парчами Ватанаш ва дигар кишварҳо ҳатмист", - андеша дорад ҷавони тоҷик.

​Вокуниш ба ин амали неки Абдулҳафиз

Аксарияти корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ вақте амали неки Абдулҳафизро аз навор тамошо карданд, баҳои хуб доданд.

- Бо эҳтироми зиёд нисбат ба ману ватанам - Тоҷикистон суханони хуб гуфтани бародарони қирғиз маро хеле хушҳол кард. Онҳо ин кори маро дида, аҳсану офарин хонданд.

Дар ин миён баъзеҳо аз муноқишаҳое, ки дар миёни ду кишвар буд, ёдовар шуданд.

Аммо ҳадафи ман аз ин кор на душманӣ андохтан, балки нишон додани он буд, ки бо амалҳои хурд низ метавон миёни халқу миллатҳо дӯстиро қавитар сохт, - иброз дошт Абдулҳафиз.

 
 
 
 
 
Посмотреть эту публикацию в Instagram
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Публикация от Abdulhafiz Hafizov (@uk.abdull)

Чаро эҳтиром ба парчами худ ва дигар кишвар муҳим аст?

Абдулҳафиз андеша дорад, ки ҳар одам парчами кишварашро дӯст медорад. Эҳтиром гузоштан ба парчами дигар кишварҳо низ одоб ва намунаи баланди инсондӯстистиро мемонад.

- Арҷгузорӣ ба парчами кишварҳои дигар маънои эҳтиром ба миллат, таърих ва фарҳанги он мардумро низ дорад. Инсоне, ки арзишҳои миллии худро қадр мекунад, бояд ба арзишҳои дигарон ҳам эҳтиром гузорад, - иброз дошт қаҳрамони мо.

Абдулҳафиз бар ин бовар аст, ки ҷавонони тоҷик бо рафтори нек, ахлоқи ҳамида, меҳнатдӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ  метавонанд, ки Ватанашонро  дар хориҷа ба таври шоиста муаррифӣ кунанд.

"Ҳар як ҷавони тоҷик дар симои худ чеҳраи воқеии миллатро нишон дода метавонад, муҳим он, ки муаррифӣ ба таври мусбат ва арзанда бошад", - гуфт вай.

Кор бо намояндагони миллатҳои гуногун чӣ ҷолибият дорад?

Абдулҳафиз дар Британияи Кабир, ки ҳамагӣ 4 моҳ боз кору зиндагӣ дорад, аллакай, аз намояндагони миллатҳои гуногун дӯстони зиёд пайдо кард. 

"Ҳамкорони ман аз Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Молдова, Украина ва Булғористон мебошанд. Мо бо ҳамдигар муносибати хуб дорем. Аз фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои якдигар меомӯзем. Як чизро хуб фаҳмидам, ки эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кор фазои дӯстонро месозад", - илова кард ҳамсуҳбати мо.

Мегӯянд, ки аз кор дар хориҷа пули зиёд ёфтан мумкин аст. Аммо ба фикри Абдулҳафиз, пули дар хориҷа коркарда дер ё зуд адо мешавад.

"Лекин таҷриба, дӯстони нав ва хотираҳои зебое, ки ҷамъ мешавад, ҳеҷ гоҳ гум намешавад. Мо гуногунем, аммо дар як ҷо мисли як оила кору зиндагӣ мекунем. Вақте дар рӯзҳои аввали кор барои мо, ҷавонони навкор душвориҳо пеш меомад, бе дастгирӣ намемондем", - афзуд ҷавони муҳоҷир.

Ӯ бо забонҳои русиву  англисӣ озод гап мезанад. Ба бовари вай, забондонӣ дар муоширати ҳаррӯза ва кор афзалияти калон дорад.

Чӣ гуна дар Британияи Кабир ба кор одат мекунанд?

Рӯзҳои аввали коӣ барои Абдулҳафиз каме душвор буд. Брояш тамоми рӯз рост истода, кор кардан ва ҳар саҳар барвақт аз хоб хестан осон набуд.

 
 
 
 
 
Посмотреть эту публикацию в Instagram
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Публикация от Abdulhafiz Hafizov (@uk.abdull)

"Вале бо гузашти вақт ба ин тарзи зиндагӣ ва реҷаи корӣ одат кардам. Имрӯз иҷрои кор нисбат ба рӯзҳои аввал осонтар аст.

Чизе, ки таҳаммули он осон намешавад, дурӣ аз Ватан ва наздикон аст. Ҳарчанд корам хуб асту рӯзҳои хубе дорам, ҳамеша ёди хона, оила ва наздиконамро мекунам.

Мехоҳам, ки вақт те гузараду ба Ватан баргардам, ба назди аҳли оилаам. Ҳар қадаре, ки инсон дур аз хона бошад, ба қадри азизону Ватан бештар аз пештар мерасидааст" - хулоса  кард Абдулҳафиз.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

6 часов назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

12 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

15 дня назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

15 дня назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

18 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ