logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Аз куштор то ғоратгариҳои мусаллаҳона. Боздошти як гурӯҳи ҷиноятӣ дар Душанбе

Мақомот мегӯянд, гурӯҳ аз сентябри соли 2024 то имрӯз 1 одамкушӣ, 4 ғорати мусаллаҳона ва 6 дуздии махсусан калон содир кардааст.

Your tj

11:4211.12.2025

Аз куштор то ғоратгариҳои мусаллаҳона. Боздошти як гурӯҳи ҷиноятӣ дар Душанбе

Дар Душанбе 4 узви як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, ки дар 11 ҷинояти вазнин, аз ҷумла одамкушӣ даст доштааст, дастгир шудаанд. Дар ин бора дар барномаи "Ахбори ВКД" гузориш дода шуд.

Ба иттилои ВКД, онҳо аз соли 2024 то рӯзи боздошт дар ҳудуди Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Вахшу Рӯдакӣ одамкушӣ, ҳамлаҳои мусаллаҳона ва дуздиҳои махсусан калон анҷом додаанд.

Мақомот мегӯянд, гурӯҳ аз сентябри соли 2024 то имрӯз 1 одамкушӣ, 4 ғорати мусаллаҳона ва 6 дуздии махсусан калон содир кардааст.

Гуфта мешавад, ки аъзои гурӯҳ шабона амал мекарданд, пешакӣ нақшҳоро тақсим намуда, бо силоҳҳои оташфишон ва сард мусаллаҳ буданд. Ҳамаи боздоштшудагон пештар аз 1 то 5 маротиба суд шудаанд.

Тавре манбаъ хабар медиҳад, роҳбари гурӯҳ Фарҳод Мусоеви 47-сола, сокини Душанбе, қаблан барои муомилоти маводи мухаддир суд шудааст. Зикр мегардад, силоҳро ӯ таъмин мекард, хонаҳоро барои ҳамла интихоб менамуд ва амалиётҳоро роҳбарӣ мекард.

Аъзои дигари гурӯҳ:

  • Иршод Азизови 42-сола, сокини шаҳри Бохтар, 5 маротиба суд шудаааст;
  • Аёмиддин Рахмизодаи 35-сола, қаблан барои авбошӣ суд шудааст;
  • Фирдавс Қурбонови 44-сола, дар гузашта дар Русия ҷазои зиндонро адо кардааст.

Ду узви дигари гурӯҳ - Наҷибулло Исроилови 35-сола ва Суҳроб Маматови 33-сола фирор кардаанд ва дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд.

Нисбати гумонбарон бо якчанд моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла 104 (одамкушӣ), 195 (нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ), 249 (ғоратгарӣ) ва 244 (дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Тафтишот идома дорад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

15 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

3 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ