Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:5415.08.2023
Бо гузашти ду моҳ мақомот ҳанӯз ҷасади муаллими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро, ки аз ҷониби подполковники ВКД рабуда шуда буд, пайдо накардаанд. Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҷасаде, ки ҳангоми ҷустуҷӯ пайдо шуд, ба муаллим тааллуқ надоштааст.
Подполковники Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД Акмал Юсуфзода ва яке аз хешовандони ӯ Исмоил Шукуров 12-уми июни соли 2023 устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Исмоилҷон Раҳмоновро рабуданд.
Тавре Прокуратураи генералӣ пас аз чанд рӯзи ҳодиса расман хабар дод, Юсуфзода шаби 12 июни соати 23:20 дақиқа аз ҳиссиёти рашк бо хешовандаш Исмоил Шукуров устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Раҳмонов Исмоилҷон Қаҳоровичро рабудааст.
Ҳодиса дар кӯчаи Борбади пойтахт, наздикии қурутобхонаи “Муслим” ба амал омадааст. Онҳо бо зӯроварӣ муаллимро ба автомашинаи хизматии тамғаи “Хундай Аксент”, рангаш сафед, аломати қайди давлатиаш 030UD01 савор кардаанд.
Номбурдагон дастони муаллимро баста, ӯро дар километри 118 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, воқеъ дар деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ бо мақсади ба қатл расонидан ба дарёи Фон партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳафтаи гузашта Рамазон Раҳимзода, вазири корҳоли дохилӣ низ эътироф кард, ки нафари ин ҷиноятро содиркарда воқеан корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД буд.
Бо гузашти ду моҳ аз ин ҳодиса, прокурори генералии кишвар мегӯяд, ки то ҳол ҷасади муаллимро наёфтаанд ва тафтишот идома дорад.
“Як ҷасадро пештар аз дарёи Зарафшон ёфтем ва ташхис муаллими донишгоҳ будани онро тасдиқ накард”, - гуфт Юсуф Раҳмон.
Дар ҳамин ҳол, наздикони Исмоил Раҳмонов аз он нигаронӣ доранд, ки бо гузашти муддати зиёд аз рабуда шудани ӯ, прокуратура онҳоро бо парванда шинос намекунад.
664 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine
16 часов назад
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
5 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
5 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
17 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
20 дня назад