Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:1605.08.2022
Имрӯз 5 – уми август вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки сар аз нимаи ҳамин моҳ робитаи роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад. Аввалин қатора рӯзи 16 – ум аз Кӯлоб ба самти Волгоград ҳаракат мекунад.
Рӯзи 27 – уми август аз Душанбе ба Волгоград ва рӯзи 7 – уми сентябр аз Хуҷанд ба Волгоград хатсайрҳо анҷом дода мешаванд
Тавре Азим Иброҳим изҳор дошт, айни ҳол маблағи чиптаҳо муаян нашудаанд, вале ваъда дод, ки он барои мусофирон дастрас хоҳад буд.
"Қимати билетҳо ҳанӯз мушаххас нашудааст, аммо ба шумо итминон медиҳам, ки нархи он барои мусофирон дастрас хоҳад буд", гуфт, вазири нақлиёт.
Гуфта мешавад, ки қатораҳо аз Душанбе ба Волгоград ҳафтае як маротиба — рӯзҳои сешанбе ва аз Волгоград ба Душанбе — рӯзҳои ҷумъа ҳаракат мекунад. Қатораҳо аз Хуҷанд рӯзҳои чоршанбе ва аз Волгоград рӯзҳои шанбе ҳаракат менамоянд.
Пештар АМИТ Ховар иттилоъ дода буд, ки хатсайрҳои роҳи оҳан миёни Тоҷикистон ва Русия аз 30 – юми август оғоз меёбанд.
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тавзеҳ доданд, ки ҳаракати қатораҳои мусофирбар пас аз танаффуси дусола роҳандозӣ мешавад.
«Ин тасмим дар чаҳорчӯби сафари раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба Русия ва мулоқоти ӯ бо роҳбарияти Роҳи оҳани Русия гирифта шудааст», — гуфтанд дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон».
Ёдовар мешавем, ки ҳаракати қатораҳо миёни Тоҷикистон ва Русия 17 марти соли 2020 ба далели паҳншавии сирояти коронавирус муваққатан қатъ гардида буд.
684 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад