logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Ҷавоне, ки ба муфтӣ ҳамла карда буд, 26 сол аз озодӣ маҳрум шудааст

Расонаҳо қаблан хабар дода буданд, ки вобаста ба ин ҳодиса нисбати се нафар парванда боз шудааст.

Your tj

16:4410.02.2025

Ҷавоне, ки ба муфтӣ ҳамла карда буд, 26 сол аз озодӣ маҳрум шудааст

Ҷавоне, ки ба Саидмукаррам Абдуқодирзода бо корд ҳамла карда буд, 26 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Муфтии Тоҷикистон 7-уми феврал дар намози ҷумъа дар хусуси ҳамлавар ҳарф зада, вале аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ кард, хабар медиҳад “Азия-Плюс”.

“Дилам ба модараш месӯзад, бовар кунед, дирӯзу парер рӯз дар танҳоӣ чанд бор модари ҳамон кас ба ёдам омад, чанд бор гиристам, ки модари бечора чӣ кор мекунад. Ӯро гумроҳ карданд, вале модараш чӣ гуноҳ дорад? Аз модараш маслиҳат напурсида буд-ку. Вале он модар месӯзад”, - гуфтааст Абдуқодирзода.

Ёдовар мешавем, ки шоми 11-уми сентябри соли 2024 ҷавоне дар саҳни масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба Саидмукаррам Абдуқодирзода бо корд ҳамла кард, ки дар натиҷа муфтии кишвар захм бардошт.

Расонаҳо қаблан хабар дода буданд, ки вобаста ба ин ҳодиса нисбати се нафар парванда боз шуда, ҳуввияти онҳо ошкор карда нашуд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

3 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

3 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

15 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

18 дня назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

19 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ