logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Қатар ба шаҳрвандони Тоҷикистон кор пешниҳод кард

Музди моҳона 2000–3000 риоли Қатар (550–825 доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.

Your tj

09:0001.10.2025

Қатар ба шаҳрвандони Тоҷикистон кор пешниҳод кард

Ширкати "Jusour" (Ҷусур)-и Давлати Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷойҳои кори муваққатӣ эълон кардааст. Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дод.

Мусоҳиба барои ҳамаи номзадҳо рӯзи панҷшанбе, 2-юми октябр дар бинои Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Талабот ба номзадон

  • Синну сол: 25–45 сола
  • Забон: донистани англисӣ дар сатҳи муошират
  • Таҳсилот: дипломи олӣ ё коллеҷ дар соҳаи автомобилсозӣ, муҳандисии механикӣ ё технологияи нақлиёт
  • Таҷриба: ҳадди ақал 2 сол
  • Шаҳодатнома: доштани тахассуси касбӣ
  • Бақайдгирӣ: тавассути сомонаи tawzeef.qa

Вакансияҳои пешниҳодшуда

Дар соҳаи автомобилсозӣ:

Механики автомобил, механики вазнбардор, механики автобус, механики системаҳои электрикӣ, механики муҳаррик, механики кондитсионер, устои тормоз, мутахассиси рангубор, шинамонтаж, чаҳорчӯба, насоси сӯзишворӣ ва дигарон.

Дар соҳаи хизматрасонӣ:

Ошпаз, ёвари ошпаз, пешхизмат, бармен, касир, хонанишин, администратор, мошиншӯй ва ёвари умумӣ.

Маош ва имтиёзҳо

  • Музди моҳона: 2000–3000 риоли Қатар (550–825 доллари ИМА)
  • Илова барои хӯрок: 300 QAR (82 доллари ИМА)
  • Истиқомат ва нақлиёт: аз ҷониби корфармо таъмин мешавад
  • Суғурта: тиббӣ ва ҳаётӣ аз ҷониби корфармо пардохт мешавад
  • Рӯхсатӣ: 21 рӯзи таътил пас аз 11 моҳи корӣ
  • Чиптаи парвоз ба ватан: пас аз 2 сол аз ҷониби корфармо
  • Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, бинои 80

Телефонҳо барои тамос

  • Душанбе: +992 55 555 1080, +992 987 906 666
  • Хатлон: +992 905 800 063
  • Суғд: +992 928 079 999
  • ВМКБ: +992 935 101 439

khorijakor.tj

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

1 часов назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

22 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ