Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:2327.03.2025
Аз ин пас шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муҳоҷири меҳнатӣ мебошанд, метавонанд ихтиёран андози иҷтимоӣ супоранд.
Дар ин бора қарори Ҳукумати Тоҷикистон тасвиб шудааст.
Дар санад гуфта мешавад, ки нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз миқдори саҳми онҳо ҳисоб карда мешавад.
Тибқи Тартиб муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд аз ҷойи истиқомати худ тариқи онлайн ё ба восиати барномаи “Андози ман” дархости “аризаи пардохти ихтиёрии андози иҷтимоӣ”-ро ирсол кунанд.
Гуфта мешавад, маблағи андози иҷтимоӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ барои ҳар моҳ аз як нишондиҳанда кам набошад. Дар Тоҷикистон шуруъ аз якуми январи соли 2025 як нишондиҳанда 75 сомонӣ муқаррар шудааст.
Муҳоҷирон андозро метавонанд ҳармоҳа, семоҳа, нимсола ва ё солона пардохт кунанд.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
1 часов назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
22 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад