Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:4305.03.2024
Маркази миллии тестӣ (ММТ) дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархи бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ дар соли 2024 эълон кард.
Дар Тоҷикистон давраи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) - 2024 аз 1-уми март оғоз гардид.
Ҳамин тариқ, арзиши хидматрасонӣ барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (хатмкунандагони синфи 11), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 330 сомонӣ (соли 2023 - 300 сомонӣ буд) ва барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунандагони синфи 9) бошад, 230 сомонӣ (соли 2023 - 210 сомонӣ буд) муқаррар шудааст.
Дар ҳолати тағйир додани интихоб ихтисос дар давраи асосӣ, барои азнавбақайдгирӣ довталаб бояд 30 сомонӣ (соли 2023 - 25 сомонӣ буд) пардохт кунад.
Дар соли 2023 низ арзиши хидматрасониҳои ММТ нисбат ба соли 2022 аз 30 то 60 сомонӣ боло рафта буд.
Мувофиқи маълумоти ММТ, имсол гурӯҳи довталабони дар пардохти маблағи хидматрасонӣ имтиёздошта, зиёд гардид.
Шахсоне, ки барои пардохти маблағи хидматрасонӣ имтиёз доранд:
Маблағи муайяншударо довталаб бояд тавассути БДА “Амонатбонк” ё барномаи мобилии “Амонат мобайл” пардохт намуда, расидро бо дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба ММТ пешниҳод кунад.
Маълумоти пурраро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро ММТ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас карда, гунаи электронияшро дар сомонаи худ ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.
Давраи асосии бақайдгирии довталабон то 30-юми апрел давом мекунад.
734 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад