Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:1424.07.2023
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавони 22-солае хабар дод, ки бо мошини тамғаи “БМВ” зани роҳрӯбро пахш кардааст.
Ҳодиса субҳи 23-юми июл дар кӯчаи Соҳилии пойтахт рух дода, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ меафзояд, ки “соати 5:10 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Соҳилӣ, аз самти кӯчаи А.Деҳотӣ ба самти кӯчаи С.Шерозӣ як нафар зани 54-сола, корманди корхонаи коммуналии ноҳияи Фирдавсиро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст”.
Назари ронанда, ки аз ӯ Умарҷон Раҷабов ном бурда шуд, маълум нест ва ба навиштаи мақомот ӯ аз ҷои ҳодиса фирор карда, бо мақсади озод шудан аз ҷавобгарӣ воситаи нақлиёти худро дар кӯчаи Қаҳҳоров пинҳон мекунад.
Давоми моҳи июл садамаи маргбори фоҷиавӣ 2-уми июл дар ноҳияи Файзобод рух дода буд, ки дар натиҷаи он 11 нафар ба ҳалокат расида расида, 4 каси дигар ҷароҳат бардошта буданд.
Гуфта мешуд, хурдсолтарин қурбонии фалокат 2-сола ва бузургсолтаринаш 64-сола аст.
Фоҷиа рӯзи 2-уми июл дар ҳудуди деҳаи Шаҳтакиёни ноҳияи Файзобод рух дода буд.
Қурбониёнро ду ва ё се нафарӣ узви як оила буданд.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
33 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад