Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 13:0822.09.2023
Некрӯз Ниёзов, сарояндаи ҷавони тоҷик, ки бештар бо бозхонии сурудҳои шодравон Муборакшо шӯҳрат дошт, дар натиҷаи як садама даргузашт.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки 21 сентябр, тахминан соати 22:30 дақиқа ронандаи 18-сола автомашинаи тамғаи “Lexus RX350”, Файзулло Комёб Машраб, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи А.Дониш, аз самти кӯчаи С.Айнӣ ба самти кӯчаи Д.Халқҳо, дар рӯ ба рӯи бинои “Маркази миллии ташхиси озуқаворӣ” ба автомашинаи тамғаи “Lexus RX350”, таҳти идораи Аҳтамзода Оятулло ронандаи 19-сола бархӯрда, ҳамзамон пиёдагарди дар канори роҳ қарор дошта, Некрӯз Ниёзовро пахш кардааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ сарояндаи ҷавон Некрӯз Ниёзов ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаи “Шифобахш” интиқол шудааст.
Мутаассифона субҳи 22-юми сентябр номбурда ба ҳалокат мерасад.
Айни замон вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад, менависад манбаъ.
Некрӯз ҳамагӣ 27 сол дошт ва моҳи октябр 28-солагияшро бояд таҷлил мекард.
Наздиконаш гуфтаанд, овозхон дар зодгоҳаш Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хок супурда мешавад.
Расонаҳо қаблан навишта буданд, ки ронанда баъди ин ҳодиса фирор кардааст ва Некрӯзро ронандаи як такси ба беморхона интиқол додааст.
Қаблан низ чандин ҳолати марги ситораҳои эстрадаи тоҷик дар садамаҳо ба қайд гирифта шудаанд.
Даргузашти сарояндагони машҳури эстрадаи тоҷик Дамирбек Олимов ва Баҳроми Ғафурӣ аз ҷумлаи охирин ҳолатҳои садамаи нақлиётӣ бо иштироки ситорагони санъати тоҷик буд.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
35 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад