Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 19:0101.11.2022
Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ (Абдуалимзода), ки ҷасадаш моҳи июни соли гузашта дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд ёфт шуд, барои ба худкушӣ расонидани келинаш 7 сол равонаи зиндон шуд. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо такя ба гуфтаҳои Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳукм имрӯз, 1-уми ноябр, аз ҷониби Суди ноҳияи Файзобод содир шудааст ва Назирова бо қисми 2 – и моддаи 109 (ба худкушӣ расонидан) – и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуд.
Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ ё прокурор барои Бибикалон Назирова 8 соли зиндон талаб карда буд.
Дар мурофиаи додгоҳии пешин, Бибикалон Назирова дар марги келинаш Манораи Абдуфаттоҳ худро қисман гунаҳкорр ҳисобида буд.
Гуфта мешавад, дар мурофиаи додгоҳии дуввум, ки рӯзи 11-уми октябр баргузор гардид, вакили дифои Назирова аз суд дархост карда буд, ки кирдори зерҳимояашро бо қисми 1-и моддаи 109 (ба худкушӣ расонидан)-и Кодекси ҷиноятӣ бандубаст карда, нисбати ӯ қонуни ҶТ “Дар бораи авф”-ро татбиқ ва ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шавад.
“Айбдоркунандаи давлатӣ нисбати дархости ҳимоятгар эътироз баён намуда, аз суд рад кардани онро талаб кард. Ҳамчунин, мавқеи айбдоркунандаи давлатиро ҷабрдида ва намояндаи ӯ дастгирӣ намуданд”, - гуфта буд, Эътилофи ҷомеаи шаҳрванди зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, ки аз ҳуқуқҳои наздикони Манора ҳимоят мекунад.
Ёдовар мешавем, ки наздикони Манораи Абдуфаттоҳ чанд маротиба ба мақомот муроҷиат карда, хостори ҷазо додани наздикони шавҳари Манора шуда буданд. Онҳо даъво доштанд, ки духтарашон худкушӣ накардааст ва наметавонист, ки худаш дар баданаш 26 корд занад.
Баъдан, Додситонии кулли кишвар пас аз тафтиши пешакӣ далели марги Манораи Абдуфаттоҳро худкушӣ номида буд.
Ин ниҳод гуфта буд, ки бо гузаронидани амалҳои зиёди тафтишотӣ ва экспертизаҳои судии гуногун, муайян карда шудааст, ки сабаби марги ҷавонзан хунравӣ аз 3 ҷароҳати халанда ва бурандаи дар мавзеи гардан ва шикам бардоштаи ӯ гаштааст.
“Захму харошаҳои дигари дар бадани Абдуалимзода М.А. бисёру бо ҳам паралел ва сатҳӣ буда, сабаби марг шуда наметавонанд ва онҳо аз тарафи худи ӯ расонида шудаанд”, - омадааст дар маълумот.
Пайвандону наздикони ҷавонзан ба худкушии ӯ бовар надоранд ва мегӯянд, ки ба гумони ғолиб, ӯро куштаанд.
Манораи Абдуфаттоҳ се фарзанд дошт ва ҳангоми рух додани ин ҳодисаи фоҷеабор шавҳари Манора дар муҳоҷират дар Русия қарор дошт. Оилаи шавҳари зани фавтида аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд. Ҳамчунин, додситонӣ ва суди Файзобод ҳам дар робита ба қазия то ба ҳол шарҳе надодаанд.
Рӯзи 31 октябр ду сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хангоми тахриби бино зери девори он монда, ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса дар шаҳри Конибодом рух додааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандиӣ, ин ду нафар, ки яке 43 ва дуюмӣ 35 сол доштанд, сокинони ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуроф буда, дар шаҳри Конибодом ба ҳайси коргари кироя фаъолият доштанд.
Биное, ки ин ду нафар зери девори он мондаанд ба ҶДММ “Асрор” тааллуқ дошта, он қаблан корхонаи тавлиди равған будааст.
Ҳоло мақомот сабаби ин ҳодиса дақиқ карда мешавад. Бино ба фарзияи пешакӣ, яке аз сабабҳои асоси метавонад “риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои кор” бошад.
Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки нақшаи даъват ба хидмат дар артиш “70 дарсад иҷро шуд”. Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ рӯзи якуми октябри имсол оғоз ёфт.
Вазорати мудофиа дар хабарномае рӯзи якуми ноябр навишт, даъват ба хидмат дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе идома дорад. Дар ин минтақаҳо иҷрои нақшаи даъват ба хидмат “аз 60 то 80 дарсад” иҷро шудааст. Ба иттилои манбаъ, дар Бадахшон нақшаро барвақт иҷро карданд.
Дар Тоҷикистон дар ду мавсим, баҳор ва тирамоҳ, ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиш даъват мекунанд.
Мақомот мегӯянд, шумори ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба артиш мераванд, сол то сол зиёд мешавад. Аммо ҳамасола дар мавсими даъват шикоятҳои зиёде аз “облава” ё даъвати маҷбурии ҷавонон ба хидмат нашр мешавад.
643 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
1 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
2 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
5 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
5 дня назад
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
8 дня назад