Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:3121.06.2023
Бар асари садама дар Қазоқистон чор шаҳрванди Тоҷикистон кушта, чор нафари дигар захмӣ шуданд. Дар байни ҳалокшудагон ду ноболиғ ҳам ҳаст.
Ҳодиса субҳи 21 июн дар километри 631-и шоҳроҳи байнишаҳрии Самара-Шимкент дар вилояти Актюбе рух додааст.
Ронандаи автомобили Hyundai Starex – шаҳрванди Тоҷикистон, идораи нақлиётро аз даст дода, дар натиҷа мошин чаппа шудааст.
Дар ин бора, дафтари матбуоти идораи милитсияи вилояти Актюбе хабар додааст.
"Ронандаи мошини тамғаи "Hyundai Starex", шаҳрванди Тоҷикистон, идораро аз даст дода, мошинро чаппа кардааст. Дар натиҷаи садама ду мусофир, аз ҷумла як духтари 15-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд",- омадааст дар хабар.
[video width="640" height="368" mp4="https://api.your.tj/storage/news/2023/06/sadamai-sha-rvandoni-to-ikiston-dar-azo-iston.mp4"][/video]
Ба иттилои манбаъ, чор нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаи наздиктарин бистарӣ шудаанд.
Баъдан маълум шуд, ки боз ду нафар, аз ҷумла як ноболиғ дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи марказии ноҳияи Кобдинск ба ҳалокат расидаанд.
Вазъи ду нафари дигар вазнин арзёбӣ мешавад.
Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии вилояти Актюбе дар робита ба марги шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари садама ба тафтишоти пешакӣ шурӯъ кардаанд.
Тибқи иттилои пешакӣ ронанда дар ҳолати хастагӣ мошинро меронд.
Читайте также
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
4 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
4 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
16 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
19 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 дня назад