Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:5203.07.2024
Дар ду садамаи маргбори нақлиётии рӯзи 2-юми июл 8 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод.
Дар хабар гуфта мешавад, ки тақрибан соати 13:00-и 2-юми июл дар километри 50-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд мошини тамғаи “Daewoo Nexia” (рақами давлатиаш 40Н174 GB uz), ки аз шаҳри Хуҷанд ба самти Душанбе ҳаракат мекард, ба мошини боркаши тамғаи КамАЗ бармехӯрад.
Дар натиҷа се шаҳрванди Узбекистон (ду мард ва як зан) дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд.
Ронанда, Бойгитов Нурмаҳмати 60-сола сокини вилояти Фарғонаи Узбекистон будааст. Кумита барои расонидани ин иттилоъ ва муайян кардани шахсияти мусофирони дигар ба Вазорати ҳолатҳои фавқулода Узбекистон муроҷиат кардааст. Ҷасади ҳалокшудагонро ба кормандони милитсия супоридаанд.
Садамаи фоҷеабори дуюм дар қаламрави ноҳияи Айнӣ соати 16:50-и ҳамон рӯз дар роҳи Айнӣ-Мастчоҳи Кӯҳӣ, дар наздикии деҳаи Шавадки Поён рух додааст.
“Мошини тамғаи “Musso”, ки як сокини 32-солаи деҳаи Шавадки Поён идора мекард, ба як ҷарии умқаш 450 метр сарозер шуд”,- хабар медиҳад КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, ронанда ва мусофирони ин мошин – ҳамсар ва се фарзанди 2, 5 ва 7-солаи ин оила дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Рӯзи 27-уми июн дар канори шаҳри Кӯлоб дар як садамаи нақиётӣ 7 нафар ба ҳалокат расиданд, ки чор нафарашон аъзои як оила – модар бо се фарзанди хурдсолаш буданд.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
19 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад