Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:0311.07.2023
Аз 3 то 9-уми июл дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардид.
ВКХ Тоҷикистон мегӯяд, аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид. Вале дар бораи ҷузъиёти он маълумот дода намешавад.
Ба иттилои манбаъ вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Вохӯрии навбатии гуруҳи корӣ дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Пас аз ду муноқишаи хунин дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар солҳои 2021 ва 2022 Қирғизистон марзҳояшро ба Тоҷикистон баст. Робитаҳо ба сардӣ печид ва додугирифт низ ба сатҳи поинтарин расид.
Муноқишаҳо дар марзи ду кишвар борҳо боис ба кушта шудани даҳҳо нафар ва тахриби биноҳои маъмуриву истиқоматӣ шуд. Ҳарду тараф якдигарро ба сар задани низоъ гунаҳкор мекунанд.
Ҷанҷол бар сари таъйини беш аз 300 километр хати сарҳад аст, ки то ҳол муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Ду кишвар беш аз 980 километр сарҳад доранд.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
32 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад