Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 13:2019.07.2023
Шуруъ аз 1-уми август дар тамоми мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе пардохти маблағи китобҳои дарсӣ аз тарафи падару модарон ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, дар доираи татбиқ ва иҷрои пардохти ғайринақдии тамоми хизматрасонии пулакии соҳаи маориф “Амонатбонк”, “Шаҳри ҳушманд” (Smart city), “Имон Интернешнл”, “Бонки Байналмилалии Тоҷикистон”, ТАҚҲ “Ҳумо”, “Душанбе сити Бонк”, “Бонки Эсхата” ва “Тавҳидбонк” замимаву барномаҳои худро пешниҳод намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 22 июни соли 2023 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” шурӯъ аз 1-уми август тамоми пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикистон танҳо дар шакли ғайринақдӣ сурат мегирад.
Ин маънои онро дорад, ки пардохти ҳаққи хидматрасонии коммуналӣ, тамоми андозҳо, боҷи давлатӣ барои додани иҷозатнома ва литсензия, ҷарима ва дигар намудҳои хидматрасонии давлатӣ танҳо бо истифода аз кортҳои бонкӣ ё ҳамёнҳои мобилӣ сурат мегирад.
Читайте также
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
4 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
4 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
16 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
19 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 дня назад