logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

"Афтид ва мурд". Марги шубҳаноки сарбоз дар Суғд

Мақомот ваъда додаанд, ки ҳодиса одилона таҳқиқ мешавад.

Your tj

11:4807.08.2023

"Афтид ва мурд". Марги шубҳаноки сарбоз дар Суғд

Дар ноҳияи Мастчоҳ сарбози қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадӣ Абубакр Ҳусейнзодаи 22-сола дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст. Аз қисми низомӣ ҳангоми интиқоли ҷасад ба наздикони сарбоз гуфтаанд, ки рӯзи 4-уми август Абубакр дар долони қисми ҳарбӣ “афтид ва мурд”.

Вале волидони ин ҷавон иддао доранд, ки дар пушти сараш “пайи зарбаи сахт” мондааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Ҷасади сарбозро пас аз ташхиси тиббӣ рӯзи 5-уми август дар зодгоҳаш деҳаи Овчии ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба хок супурдаанд.

Бобосангин Сангинов, раиси маҳаллаи Овчӣ, рӯзи 6-уми август гуфт, ки прокуратураи ҳарбӣ ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад.

Назидкони Абубакр гуфтанд ӯ оиладор ва соҳиби як фарзанд буд. Ба гуфтаи онҳо, баҳори соли ҷорӣ пас аз хатми Донишкадаи иқтисод ва савдои Хуҷанд бо хоҳиши худ ба артиш рафта буд. Ӯ фарзанди калонии оила буд.

То кунун даҳҳо сарбоз барои латту кӯби ҳамхидмат ё зердаст муҷозот шудаанд. Суди олии Тоҷикистон моҳи майи имсол як афсар ва ҳафт сарбози собиқро барои латукӯби наваскарон дар қисми низомии Нерӯҳои марзбонии КДАМ, ки навораш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд, гунаҳкор ва аз 9 то 11 солӣ зиндонӣ кард.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine

16 часов назад

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

5 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

5 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

17 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ