logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Аҳмади Иброҳим, сардабири рӯзномаи “Пайк” ба 10 соли зиндон маҳкум шуд

Аҳмади Иброҳим августи соли 2024 дастгир шуда, ба “ришвадиҳӣ ба корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ", "тамаъҷӯӣ" ва "ифротгароӣ" айбдор мешуд.

Your tj

18:3410.01.2025

Аҳмади Иброҳим, сардабири рӯзномаи “Пайк” ба 10 соли зиндон маҳкум шуд

Суди шаҳри Кӯлоб Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигор ва сардабири рӯзномаи “Пайк”-ро ба даҳ соли зиндон маҳкум кардааст. Ҳукм имрӯз, 10-уми январ содир шудааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта як муроҷиати ӯ ба раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ нашр гардида буд.

Аҳмади Иброҳим моҳи августи соли 2024 дастгир шуда буд ва ба “ришвадиҳӣ ба корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ", "тамаъҷӯӣ" ва "ифротгароӣ" айбдор мешуд.

Ӯ дар номаи худ ба Рустами Эмомалӣ гуфтааст, "дар умрам ба касе пора надодаам, вале маро ба порадиҳӣ айбдор мекунанд. Дар умрам тамаъҷӯӣ накардаам, аммо маро ба тамаъҷӯӣ айбдор доранд. Дар умрам ифротгаро набудам, балки тӯли 22 соли охир ба ифротгароӣ мубориза бурдам. Чӣ гуна мани рӯзноманигор ва нависандаи 6 роман дар васфи зардуштиён салафӣ мешавам?".

Аҳмади Иброҳим 63 сол дорад ва дар расонаҳои гуногун кор кардааст. Ӯ соли 2012 рӯзномаи хусусии “Пайк”-ро таъсис дода буд ва роҳбарии онро ба уҳда дошт.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

36 минут назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

21 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ