logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

87% кӯдакони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия қабул нашудаанд

“Рособрнадзор”, ниҳоди назорат дар соҳаи маорифи Русия сабаби асосии радкуниро камбудӣ дар бастаи ҳуҷҷатҳо барои санҷиши сатҳи дониши забони русӣ номидааст.

Your tj

12:2011.09.2025

87% кӯдакони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия қабул нашудаанд

Дар соли 2025 беш аз 87% кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои таҳсил дар мактабҳои Русия муроҷиат кардаанд, қабул нашудаанд.

Сабаби асосии радкуниро камбудӣ дар бастаи ҳуҷҷатҳо барои санҷиши сатҳи дониши забони русӣ номидааст “Рособрнадзор” (ниҳоди назорат дар соҳаи маорифи Русия).

Тавре Интерфакс хабар медиҳад, дар моҳҳои апрел-август ҳуҷҷатҳо барои қабули 23 ҳазору 616 кӯдак пешниҳод шудааст.

Танҳо 8 ҳазору 223 кӯдак бастаи пурраи ҳуҷҷатҳоро доштаанд ва аз инҳо 5 940 нафар ба имтиҳон роҳ ёфтаанд.

Вале танҳо 2 ҳазору 964 нафар (50%) онро муваффақона супурдаанд. Ин рақам ҳамагӣ 12,6%-и умумии довталабонро ташкил медиҳад.

Дар “Рособрнадзор” гуфтаанд, ки санҷишҳо бо дарназардошти сатҳи ҳар синф таҳия шудаанд.

Илова ба имтиҳон, волидон вазифадоранд як қатор ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунанд:

  • нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи робитаи хешутаборӣ ё қонунӣ будани намояндагӣ;
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои қонунӣ будани иқомати кӯдак ва намояндагони ӯ дар Русия;
  • хулосаи тиббӣ дар бораи набудани бемориҳои сироятии хавфнок, инчунин нусхаи ҳуҷҷатҳои шахсии намояндагони қонунӣ.

Агар маҷмӯи ҳуҷҷатҳо нопурра бошад, муассисаҳои таълимӣ аризаи қабулро бе баррасӣ рад мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 апрели соли 2025 барои хориҷиёне, ки мехоҳанд дар мактабҳои Русия таҳсил кунанд, санҷиши ҳатмии донистани забони русӣ ҷорӣ шуд. Натиҷаи манфӣ асос барои рад кардани қабул ба муассисаҳои таълимӣ мегардад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

33 минут назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

21 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ