Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:0911.11.2024
Як сокини ноҳияи Хуросон барои латукӯби ҳамсар ва фарзанди семоҳааш бо қарори суди ҳамин ноҳия ба муддати 8 сол равонаи зиндон шуд, хабар нашр кард сомонаи ин ниҳод рӯзи 29-уми октбяр.
Гуфта мешавад, ҳодиса 7-уми июли ҳамин сол рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, Алимов М.Г. дар ин рӯз дар ҳолати мастӣ ба хонааш, воқеъ дар Чорбоғи ҷамоати Садриддин Айнии ноҳия рафта, бо ҳамсараш ҷанҷол мекунад. Гуфта мешавад, дар ин ҷанҷол мард ҳамсарашро латукӯб мекунад ва ин боиси зарари ҷисмонӣ дидани фарзанди навзодашон мешавад.
Баъди ин ҳолат кудаки семоҳаро дар беморхонаи вилояти Хатлон бистарӣ кардаанд. Тибқи хулосаи тиббӣ-додгоҳӣ косахонаи сари ин навзод осеб дидааст, ки ин зарари вазнин ба саломатӣ ва хавфнок дониста мешавад, менависад Суди ноҳияи Хуросон.
Алимов бо иттиҳоми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии ноболиғ (моддаи 110 қисми 2 банди “в” кодекси ҷиноӣ) гунаҳкор дониста шуда, бо қарори суд барои 8 сол ба зиндони низомаш пурзӯр маҳкум карда шудааст.
Назари худи муттаҳам ва наздикони пайвандонаш ба ин ҳукми Суди Хуросон маълум нест.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
33 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад