Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:4702.05.2023
Дар як садамаи мудҳиш дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 6 кас ҷон бохтааст. Ҳодиса субҳи 2-юми май дар ҳудуди деҳаи Рузвай рӯй дод.
Ба иттилои манбаи Радиои Озодӣ аз намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, “чаҳор нафар аз ҳалокшудаҳо аз Душанбе омада, дуи дигар аз ноҳияи Дарвоз ҳастанд”.
“Мошин аз баландии Қалъаи Карон сарозер шудааст. Ҷасадҳоро гирифтанд. Ду нафарро ба наздиконашон дар ноҳияи Дарвоз доданд. Боқимондаҳоро ба Душанбе фиристоданд”,- мегӯяд манбаъ.
Номи ҳалокшудагон ҳанӯз расман эълон нашудааст. Вале ба иттилои Радиои Озодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ номи ду тан аз онҳо муайян наштааст. Яке аз онҳо Ҳумай Каримов, мудири созмони иҷтимоии "Тоҷи Нурафшон" ва дигаре Беҳзод Хоҷаев, корманди ҳукумати ноҳияи Дарвоз аст.
Як рӯз қабл дар роҳи Душанбе-Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд низ бар асари садамаи мусофирбари хурд шаш нафар ҷон бохта буданд.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
32 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад