Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:2422.10.2025
Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон пайиҳам 4 рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Ҳамин тавр, 6, 7, 8 ва 9 ноябр рӯзҳои истироҳатӣ аст, хабар медиҳад Asia-Plus бо истинод ба Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ.
Тибқи иттилоъ, шанбе - 1 ноябр рӯзи корӣ ва ҷумъа - 7 ноябр рӯзи истироҳат эълон шудааст. Ин тағйирот дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интиқоли рӯзҳои истироҳат дар соли 2025» аз 28 феврали соли 2025, №121 сурат гирифтааст.
Шаҳрвандоне, ки ҳафтаи кории панҷрӯзӣ доранд, аз 6 то 9 ноябр истироҳат карда, рӯзи 10 ноябр ба кор мебароянд. Онҳое, ки ҳафтаи кории шашрӯзӣ доранд, 2 рӯз истироҳат мекунанд, зеро 8 ноябр барои онҳо рӯзи корӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи Конститутсия, ки ҳамасола 6 ноябр таҷлил мешавад, ҳамчун рӯзи расмии истироҳат муқаррар шудааст. Имсол Тоҷикистон 31-солагии қабули Конститутсияро ҷашн мегирад.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
32 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад