Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:1113.01.2025
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки барои ошкор намудани ду ҷинояти куштор дар шаҳри Ваҳдат 200 ҳазор сомонӣ мукофот гузоштааст.
Ба навиштаи ин ниҳод яке аз ин ҷиноятҳо шаби 6-ум ба 7-уми декабри соли 2024 рух дода, як сокини ҷамояти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат кушта шудааст.
Куштори дуюм 5-уми декабри соли 2024 сурат гирифта, дар натиҷаи он як сокини дигари ин шаҳр кушта шудааст.
“Барои муайян кардани ҳолатҳо ва боздошти гумонбаршудагон мукофотпулӣ ба андозаи 200 000 сомонӣ ба шахсоне дода мешавад, ки маълумоти боэътимод ва дақиқ оид ба ин ҷиноятҳо пешниҳод менамоянд”, - омадааст дар хабари ин саҳифа.
Гуфта мешавад шахсият ва таъмини амнияти шахси мусоидаткунанда кафолат дода мешавад.
Барои тамос рақами телефони (Whatsapp) +992 918-63-33-50 ва почтаи электронии [email protected] гузошта шудааст.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад