logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

150 ҳазор сомонӣ қарздор будааст. Сабаби худкушии корманди Амонатбонк

Ғиёсиддин аз шахсони номаълум 150 ҳазор сомонӣ қарздор будааст.

Your tj

18:2206.10.2021

150 ҳазор сомонӣ қарздор будааст. Сабаби худкушии корманди Амонатбонк

Шаби 4 ба 5 октябр ҷасади ба дор овезони Ғиёсиддин Аюбзодаро шаби  аз утоқи кориаш ёфтанд.  Ӯ хазинабони филиали “Амонатбонк” дар деҳаи Ревади ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ буд.

Мақомот то ҳол расман дар бораи марги ин ҷавон чизе нагуфтаанд, аммо наздиконаш  мегӯянд, ки худкушии Ғиёсиддин  баҳси оилавӣ рабте надорад.

Аюбиддин Хуҷов, падари Ғиёсиддин дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки писараш пеш аз марг як номаи чорсаҳифагӣ гузоштааст. Хуҷов ҷузъиёти номаро ифшо накард, вале ишора кард, ки “касони гунаҳкор дар марги писараш аз рӯйи қонун ҷазо мебинанд”.

“Дар нома ба маънои қарзи маблағ ҳам чанд ҷумла зикр кардааст. Аммо ин ба ман рӯшан нест, ки кадом қарз. Қаблан ҳамдеҳагон аз кори писарам боре ҳам шикоят накарда буданд. Ӯ маблағро худаш ба деҳа меовард, ҳамаи бадбахтӣ аз ҳамин сар зад”- гуфт падари Ғиёсидин.

Алиқул Қодиров, раиси ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, додситони ноҳия тафтишотро оғоз кардааст.

“Ӯ бо мардум муносибати хуби корӣ дошт. Атрофи мушкилоташ боре ҳам сухан накарда буд. Аз мушкили дигараш мо хабар надорем, худаш медонад. Музди меҳнат, нафақаро ҳар моҳ сари вақт тақсим мекард, ҳеҷ мушкил набуд”, - таъкид кард раиси ҷамоат.

Қутбиддин Мерганов, мудири намояндагии "Амонатбонк" дар ноҳияи Айнӣ мегӯяд, марги кормандаш ба муносибати корияш  рабте надорад. Ӯ овозаҳоро атрофи он, ки гӯё бо роҳбарияти бонк нофаҳмӣ дошт, беасос хонд. Мудири бонк низ номаро хондааст ва мегӯяд, инҷо гап сари 150 ҳазор сомонӣ меравад.

“Ман номаро хондам, дар он шикоят аз кормандони бонк нест. Дар ин нома гуфта шудааст, ки аз як одам 150 ҳазор сомонӣ бо фоиз пул гирифтааст. Он рӯз он нафарон пуле, ки барои нафақа буд, аз ӯ гирифтаанд ва ҳоло қисме аз он маблағ боқӣ мондааст. Ин зиёнро бояд он одамоне, ки маблағро аз ӯ гирифтаанд, барқарор кунанд”, - гуфт Мерганов.

Ғиёсиддин Аюбзода 27 сол дошт ва соҳиби 3 фарзанд - як писар ва ду духтар буд. Ӯ ягона писар дар хонавода буд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine

16 часов назад

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

5 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

5 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

17 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ