Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:5112.12.2024
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз танзим шудани реҷаи таъмини аҳолӣ бо барқ хабар дод.
Масъулини ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтаанд, ки “Шабакаҳои тақсимоти барқ” аллакай реҷаи интиқоли барқро ба танзим даровардааст ва мувофиқи он ба аҳолӣ дар як шабонарӯз бояд 10 соат: субҳ 3 соат (5:00 то 8:00) ва шом 7 соат (аз 16:00 то 23:00) барқ дода шавад.
Гуфта мешавад, ки ин реҷа доимӣ набуда, имкон дорад дар оянда боз ҳам каму зиёд шавад. Ҳамзамон имсол дар давраи лимит нерӯи барқ назар ба соли гузашта 3 соат зиёд дода мешавад.
Аммо корбарони Your.tj дар шарҳҳо менависанд, на ҳамавақт реҷа иҷро мешавад. Ҳолатҳое мешавад, ки чанд рӯз бе барқ мемонанд. Ҳатто сокинони гӯшаҳои гуногуни пойтахт аз набудани барқ шикоят мекунанд.
Акбарҷон, сокини маҳаллаи Ҳалқаҷари ноҳияи Шоҳмансур мегӯяд, пеш аз он ки маҳаллаашон ба шаҳр ҳамроҳ карда шавад, дар онҳо як хатти барқи шаҳрӣ буд, ки ҳеҷ вақт хомӯш намешуд.
“Мо мегуфтем, ки агар ба шаҳр ҳамроҳ шавем, ақалан бо барқи доимӣ таъмин мешавем. Аммо баръакс шуд. Ҳарчанд чор сол мешавад, ки маҳаллаи мо ба шаҳр ҳамроҳ карда шудааст, ҳоло ҳам "лимит" ҷорӣ мекунанд”,- гуфт ӯ.
Манижа сокини дигари ин маҳаллаи шаҳри Душанбе аз он шикоят мекунад, ки таъмини сӯзишворӣ барои гарм кардани хона мушкил аст.
“Ҳозир ҳама чиз қимат, ҳам чуб, ҳам ангишт. Пеш гову мол буд, ки сӯзишворӣ арзонтар буд. Ақалан барқ бошад, ки бо печкаҳои барқӣ хонаҳо гарм шаванд. Дар ин сардиҳо бо кӯдакони хурдсол мушкил аст. Баъзе рӯзҳо аз соати 8-9-и субҳ барқ хомӯш мешавад ва 4-5-и бегоҳ меояд”, - мегӯяд ӯ.
Чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти дахлдор супориш дод, ки реҷаи таъминӣ аҳолӣ бо барқро танзим намоянд.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар кишвар ҳанӯз аз 22-уми сентябр расман лимити барқ ҷорӣ гардид.
“Барқи тоҷик” ҳангоми эълони лимити барқ гуфта буд, “аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш карда мешавад ки ба давраи зимистон омодагии ҳамаҷониба бинанд ва дар мавсими тирамоҳу зимистон неруи барқро сарфакорона истифода намоянд”.
Далер Ҷумъа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон низ охири моҳи июли соли равон ба саволи хабарнигори Your.tj дар хусуси ҷорӣ шудан ва ё нашудани "лимит" дар давраи тирамоҳ ва зимистони соли 2024 гуфт, кӯшиш мекунанд, ки лимит нашавад, аммо дар баробари он аз сокинон хост, ангишт захира намоянд.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
19 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад