logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

10 кас фавтида 13 нафар ҷароҳат бардошт. Оқибатҳои садама дар Кӯлоб

Аммо то ҳанӯз дар бораи теъдоди дақиқи ҳалокшудагон ва ҷароҳатбардоштагон расман хабаре нест.

Your tj

09:1907.08.2023

10 кас фавтида 13 нафар ҷароҳат бардошт. Оқибатҳои садама дар Кӯлоб

Тибқи иттилои як манбаъ дар садамаи даҳшатноке, ки шоми дирӯз, 6-уми агуст дар шаҳри Кӯлоб ба амал омад, 10 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Вале то ҳанӯз дар бораи шумораи дақиқи фавтидагону осебдидагон маълумоти расмӣ нашр нашудааст.

Ҳодиса соати 19:30 дақиқаи рӯзи 6 август дар роҳи Душанбе - Кӯлоб – Хоруғ, дар назди бозори “Сомонӣ”-и шаҳри Кӯлоб рух дод. Гуфта мешавад мошини боркаш якчанд нақлиёти сабукравро пахш намуда, ба хонаҳо бархӯрдааст.

Дар хабари ВКД Тоҷикистон омадааст, ки садама бо сабаби аз кор баромадани маҷмӯи боздории (тормоз)-и мошини боркаши тамғаи “Дулан”, пайдо гардидани носозии техникӣ ва аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани ронанда ба ба амал омадааст.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Гуфта мешавад, автомашинаи “Дулан” якчанд воситаҳои нақлиётро пахш намуда, вориди ду манзили зисти шаҳрвандон мегардад, ки дар натиҷа зарари ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шудааст.

Аммо то ҳол ВКД ва Кумитаи ҳолатҳои фвақулода дар бораи теъдоди дақиқи ҳалокшудагон ва ҷароҳатбардоштагон расман хабар надодаанд.

Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои худ хабар додааст, ки бар асари ин садама 14 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи иттилои ВКД, автомашинаи боркаши “Дулан” ба ширкати “Кафолат Воридоту Содирот” тааллуқ доштааст.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, мошии боркаш аз нишебии самти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо суръати баланд поён шуда, дар назди бозори "Сомонӣ"-и Кӯлоб ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда, чандин мошинро пахш ва ду манзили зистро тахриб кардааст.

Бо супориши президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчнуин раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва раиси вилояти Хатлон ва дигар масъулин ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шудаанд.

Дар маълумоти ВКД зикр мегардад, ки вобаста ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти Прокуратура парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ ба роҳ монда шудааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ