Омӯзгори тоҷик бо хати форсӣ менависад

Хаттот, омӯзгор ва хиштчин. Чӣ тавр Акбар Обидов дар се самт муваффақ шуд

Акбар Обидов омӯзгорест, ки дар азнавсозии қалъаи Муғ иштирок кардааст. Намунаҳои кори ӯро инчунин дар масҷиду мадраса ва мақбараҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дидан мумкин аст. Устои номӣ ҳамчунин дар ду мактаби шаҳри Истаравшан аз фанни алифбои ниёгон ва забону адабиёт ба хонандагон дарс медиҳад.

Муаллифи Your.tj бо ӯ ҳамсӯҳбат шуда, аз зиндагӣ ва фаъолияти гузаштаву имрӯзааш қисса кард.

“Омӯзгорӣ шараф буд ҳаст ва мемонад!”

Акбар Обидов аз хурдӣ мехост лоиҳакаш шавад. Вале баъдан барои таҳсил дар ихтисоси ҳарбӣ ба донишкадаи ҳарбии Ленинград ҳуҷҷат супорид.

Ӯ аз ду имтиҳон баҳои аъло мегирад, вале бо сабабҳои оилавӣ натавонист дар он ҷо таҳсил намояд. Аз ин рӯ ба Тоҷикистон баргашт ва ба факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд.

“Пеш аз сафар ба Душанбе акаам шӯхиомез гуфтанд, ки “агар ба факултети шарқшиносӣ дохил шудӣ, хон, агар не, панҷ сол дар Душанбе ист!”,- ёд меорад қаҳрамони мо.

Ӯ аз имтиҳон бо баҳои аъло гузашт, вале ҳамон сол фармон шуд, ки тамоми донишҷӯёни донишгоҳҳо бояд ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шаванд.

“Дар қатори дигарон ман низ ду сол дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизматро адо кардам. Пас аз хатми донишгоҳ рутбаи лейтенант гирифта, аз соли 1990 ба фаъолияти омӯзгорӣ оғоз намудам”,- нақл кард Обидов.

Қаҳрамони мо дар мактаби №10-и шаҳри Истаравшан аз фанни алифбои ниёгон, забон ва адабиёти тоҷик дарс медиҳад. Ӯ барои ҳифзи ҳуруфоти форсӣ дар мактаб озмуни ҳарсолаи “Хаттотон”-ро ҷорӣ кард, ки он то имрӯз амал мекунад.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои кормандони муассисаҳои давлатӣ, махсусан омӯзгорон ниҳоят вазнин буд. Зеро тайи ин солҳо бе маош кор мекарданд.

Бархе омӯзгорон ҳатто аз баҳри ин пеша гузаштанд. Вале Акбар Обидов ҳатто бе маош соати дарсии бештар мегирифт. Барои ӯ таълим гирифтани хонандагон дар ҷойи аввал меистод.

Акбар Обидов инчунин аз фанни омодагии дифои ҳарбӣ низ дарс мегӯяд. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, “омӯзгорӣ ва хаттотӣ аз қадим шараф буд, ҳаст ва мемонад”.

“Хати ниёгонро бояд эҳё кард”

“Ҳуруфоти форсӣ, ки аз алифбои арабӣ сарчашма гирифтааст, яке аз қадимтарин навъҳои хат ба ҳисоб рафта, то замони мо 12 намуди он омада расидааст. Нахс, настаълиқ, кӯфӣ, райҳонӣ, девонӣ, ҷаълӣ, сулс, маъмултарини он ба ҳисоб меравад”,- мегӯяд Обидов.

Ӯ то имрӯз якчанд маҷмӯаи шеър, қисса ва дигар нигоштаҳои эҷодкоронро ба форсӣ ё баръакс аз форсӣ ба кириллӣ баргардон кардааст.

“Замоне, ки дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан аз фанни хаттотӣ дарс мегуфтам, китоби энсиклопедияи ҳунарҳои мардумиро, ки бо хатти форсӣ навишта шуда буд, ба кириллӣ баргардон кардам.

Ғайр аз ин рӯйи варақҳои калон абёти шоирони классик мисли Абдулқодир Бедил, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Умари Хайём ва дигаронро бо хатти форсӣ навиштаам. Дар озмуни ҳарсолаи “Хаттотон” низ шогирдон рӯйи варақ бо истифода аз нақшҳои гуногун шеър ё панду ҳикматҳои бузургонро менависанд, ки ин барои хушнавис шудани онҳо мусоидат мекунад”,- гуфт Акбар Обидов.

Қаҳрамони мо мегӯяд, барои ҳифз ва ба ояндагон мерос гузоштани хатти ниёгон бояд рӯзномаву маҷаллаҳо бо хати форсӣ низ нашр шаванд. Ҳамзамон китоби адабиёти дарсӣ бояд дар ду шакл –кириллӣ ва форсӣ омода гардад.

“Осори ниёгони мо бо ҳуруфи форсӣ буд. Агар адабиёти дарсӣ дар муассисаҳо кирилливу форсӣ пешниҳод гардад, хонандагон зудтар ҳуруфи қадимаи тоҷикиро аз худ мекунанд. Завқи омӯзиши ин хат дар онҳо бештар мешавад. Вақте дар як китоб ду шакли хатро мебинанд, барои омӯзиши он бештар талош меварзанд”,- меандешад қаҳрамони мо.

Чӣ тавр Қалъаи Муғ бозсозӣ шуд?

Акбар Обидов дар солҳои мушкил, ки омӯзгорон маош намегирифтанд, дар вақтҳои фориғ аз дарс дар сохтмон кор мекард.

“Чанд муддат ҳамроҳи бародарам дар сохтмон кор кардам. Сипас аз писари амакам ва як устои моҳир хиштчиниро омӯхтам. Дар муддати кӯтоҳ ин ҳунарро аз худ кардам ва мустақилона супоришҳо мегирифтам.

Мақбараи Мавлавӣ Одина Муҳаммади Қаротегинӣ

Маро бештар ба сохтани масҷиду мадраса ва мақбараҳо даъват мекарданд. Лоиҳаи баъзе мавзеъҳоро худам мекашидам. Соли 2000-ум маро ба азнавсозии Қалъаи Муғ даъват карданд ва ду сол дар сохтмони даромадгоҳи қалъа кор кардам”,- нақл кард усто.

Ба гуфтаи қаҳрамони мо ҳар як ваҷаб замини ин куҳаншаҳр бозгӯйкунандаи таърих аст, чун ҳар субҳ пас аз борон вақте ба қалъа меомаданд, аз нури офтоб тангаҳои мисӣ ҷило медоданд.

Қалъаи Муғ пас аз азнавсозӣ соли 2001 бахшида ба 2500-солагии шаҳри Истаравшан ифтитоҳ шуд.

Назар ба гуфти ҳамсӯҳбати мо ғафсии девори дижи қалъа 1-1.5 метр буда, аввалин қатори он бо хиштҳои аслиаш бунёд ёфтааст. Қалъаи мазкур пурра дар шакли қадима бозсозӣ шуда, аз ду манора ва работ иборат аст.

Масҷиди ҷомеи деҳаи Саримазор

Муғтеппа қадимтарин қалъаи Истаравшан

Қалъаи Муғ таърихи қадима дошта, он дар замони зардуштиён бунёд ёфтааст. Дар он даҳҳо ҳокимони ҳамонвақтаи Истаравшан (Ӯротеппа) ҳукумат рондаанд. Вале бинои аслии ин мавзеъи таърихӣ дар замони Шӯравӣ бо сабабҳои гуногун тахриб шудааст.

“Падарам мегуфтанд, ки ба Қалъаи Муғ шахсиятҳои бузург зуд-зуд меомаданд. Дар ин ҷо замоне устод Мирзо Турсунзода омада, дар як гӯшаи қалъа байте навиштаанд, то аз худ дар ин шаҳр ёдгорие монанд”,- гуфт қаҳрамони мо.

Дарвозаи масҷиди ҷомеи Боботағои Валӣ

Аз масҷиди Саримазор то мақбараи Мавлавӣ Одина Муҳаммади Қаротегинӣ. Намунаҳои кори ҳунарманд

Намунаҳои кори Акбар Обидовро дар шаҳрҳои Истаравшан, Ҳисор, ноҳияҳои Ғарм, Айнӣ, Шаҳристон ва инчунин дар Ховосу Сирдарё ва Бекободи Узбекистон дидан мумкин аст.

Ӯ як қисми дарвозаи қадимаи Истаравшанро низ бо дастони худаш сохтааст.

“Ман аз хурдӣ ба мавзеъҳои қадимаву таърихӣ таваҷҷуҳи зиёд доштам. Аз ин рӯ тасмим гирифтам бисёртар дар объектҳои таърихӣ кор кунам. То имрӯз Қалъаи Муғ, Дарвозаи масҷиди Боботағои Валӣ, Масҷиди навбунёди Саримазор, Осорхонаи Аҳрор Мухторов, Мақбараи Мавлавӣ Одина Муҳаммади Қаротегинӣ ва даҳҳо мақбараву дарвозаи дигарро дар Ӯзбекистон сохтаам”,- гуфт усто Акбар Обидов.

Абдуғаффор Шодиев

Skip to toolbar