Хатсайри нави ҳавоӣ байни Тоҷикистону Эрон

Дар арафаи ҷашни Наврӯз се парвоз дар масири Киш-Душанбе-Киш сурат мегирад. Дар ин бора аз Агентии авиатсияи гражданӣ ба Your.tj хабар доданд.

Қарор аст парвози нахустин 18-уми март сурат гирад. Се парвози аввал чартерӣ буда, барои сайёҳон, аҳли зиё, блогерон ва касоне, ки мехоҳанд ҷашни Наврӯзи Тоҷикистонро бубинанд, пешбинӣ шудааст.

Парвозҳои мустақим дар масири Киш-Душанбе-Киш пас аз анҷом ёфтани ин парвозҳо ба роҳ монда мешавад.

Қаблан Ҳабибулло Назарзода раиси Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфта буд, парвозҳо дар масири Киш-Душанбе мавсимӣ хоҳад буд ва дар баҳору тобистон сурат мегирад.

Айни ҳол миёни Тоҷикистон ва Эрон тавассути ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Вориш”-и Эрон парвозҳои мустақим тариқи хатсайрҳои Душанбе-Теҳрон ва Душанбе-Машҳад ба роҳ монда шудааст.

Skip to toolbar