Хатнаи ройгон

Хатнаи ройгони зиёда аз 74 ҳазор кӯдак дар нӯҳ моҳ

Қатъи содироти ангишт аз ҷониби Қирғизистон

Вазири энергетикаи Қирғизистон Таалайбек Ибраев дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки мехоҳанд аз 17-уми октябри имсол содироти ангиштро муваққатан манъ кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим ба хотири пешгирӣ аз норасоии ангишт дар Қирғизистон гирифта мешавад. Ӯ қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир ангишт дар кишвараш камчин нашудааст.

Ҳамчунин Ибраев афзуд, ки ниҳоди зери раҳбарии ӯ наметавонад сари вақт барои харидории ангишт ба Маркази барқу гармидиҳӣ озмун эълом кунад ва бинобар ин, ширкати “Истгоҳи барқӣ” барои харидории 400 ҳазор тонна ангишт аз ширкати Қазоқистон қарордод имзо кардааст.

“То 1 ноябр ҳамаи иншооти барқӣ барои таъмини сокинон бо неруи барқу гармӣ 100 дарсад омода мешаванд”, – афзуд ӯ.

Хатнаи ройгони зиёда аз 74 ҳазор кӯдак дар нӯҳ моҳ

Дар Тоҷикистон давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 74 ҳазору 718 нафар кӯдак ройгон хатна карда шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ба ҳолати имрӯза дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 584 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи ройгони кӯдакон фаъолият мекунад.

Ташкил гардидани ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ва гузаронидани амалиёти хатна ба таври ройгон, зери фаъолияти Вазорати тандурустӣ ба роҳ монда шудааст.

Соли 2017 ба қонуни Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва расму ойинҳо тағйирот ворид шуд, ки бар асоси он хатнасури писарон пас аз таваллуд, дар синни то 20-рӯза ва ҳатмӣ дар беморхона анҷом дода шавад.

Қаблан дар минтақаҳои гуногуни кишвар хатнаи кӯдакон дар синни томактабӣ низ анҷом мешуд ва он дар хона бо даъвати меҳмонон ва иштироки ҳунармандон баргузор мегардид.

Аз 1-уми январи соли 2019 дар Тоҷикистон комилан хатнасури писарон дар хона аз ҷониби табибони халқӣ манъ карда шуд.

Қаблан намояндагони Вазорати тандурустӣ нигаронӣ намуда буданд, ки волидоне ҳастанд, ки хатнасурро дар хона ва ин маросимро табибони мардумӣ анҷом медиҳанд, ки боиси оқибатҳои пешгӯинашаванда, аз ҷумла бемориҳои сироятӣ мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон: “Ба чолишҳои рӯзафзун вокуниши муштараки кишварҳои аъзои ИДМ зарур аст”

14 октябр Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Остона ҷараён дорад, суханронӣ кард.

Гуфта мешавад, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Президентҳои кишварҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, , Беларус, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Туркманистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Сарвазири Арманистон иштирок карданд.

“Зимни суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон оид ба авзои сиёсии ҷаҳон, таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисоду амнияти кишварҳо, буҳрони озуқаворию энергетикӣ, тағйирёбии иқлим ва таъсири пандемияи Ковид, оқибатҳои низоъҳо дар кишварҳои гуногуни олам, ки ба амнияти минтақа ва ҷаҳон метавонанд таъсиргузор бошанд, андешаҳои ҷолиб ва таҳлилҳои амиқ баён карданд”,- омадааст дар гузориши маркази матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Президент ҳамчунин дар робита ба пайомадҳои манфии ин хавфҳо пешниҳод кард, ки дар баробари корҳое, ки дар доираи Иттиҳод анҷом дода шудаанд, барои вокуниши муштарак ба чолишҳои рӯзафзун ва таҳдидҳо тадбирҳои муассиртар андешида шаванд.

Дар баробари чанд масоили дигари рӯз инчунин, терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳамчун таҳдидҳои асосӣ ба амнияти кишварҳо номида шуданд.

Таъкид шудааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори тасдиқи Барномаи ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои давраи солҳои 2023 — 2025 аст.

Дар Тоҷикистон ҷазо барои шикори бабри барфӣ сахттар шуд

Вакилони парлумони Тоҷикистон рӯзи 12 – уми октябр бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ барои шикор ва қасдан нобуд кардани бабри барфӣ аз 60 то 120 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 2 то 5 сол зиндон таъин карданд.

Дар Тоҷикистон бабри барфӣ ҷонвари нодир аст ва бар асоси қонун дар сурати ҳамла ба чорвои мардум низ набояд кушта шавад.

Пештар қонунгузорӣ барои шикори бабри барфӣ ҷаримаи камтар ва ду сол зиндонро пешбинӣ мекард.

Ба гуфтаи мақомот, бинобар ҳисобҳои охир танҳо дар Помири Шарқӣ ё Мурғоб 37 бабри барфӣ мондааст.

Дилшод Талбакзода, муовини додситони кулли Тоҷикистон, ба хатари нобудшавии ин ҷонвари нодир дар табиат таъкид намуда, гуфтааст, зарур буд, ки ҷазо сахттар карда шавад.

Бабри барфӣ, ки сокинони маҳаллӣ онро “паланги ширмол” ё “озодапаланг” низ меноманд, аз ҷонварони нодиртарин аст, ки танҳо дар қаламрави 12 кишвари ҷаҳон зиндагӣ мекунад.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 300 бабри барфӣ сабт шудааст ва он ҳамчун ҷонвари махсус ҳифзшаванда дар Китоби Сурхи Тоҷикистон номнавис шудааст.

Skip to toolbar