Хатмкунандагони литсейи Хуҷанд барои таҳсил дар ИМА 2,5 млн доллар гирифтанд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


Гуштигирони ҷавони тоҷик барои ширкат дар қаҳрамонии Осиё ба Бишкек мераванд

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштӣ миёни наврасони то 17-сола ва ҷавонони то 23-сола, ки рӯзҳои 19-26-уми июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бори аввал аст, ки қувваозмоиҳо аз рӯи ду дараҷаи синну сол дар як вақт доир мегардад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 14 варзишгар – 8 нафар миёни наврасон ва 6 нафар миёни ҷавонон дохиланд.

Тибқи низомнома, мусобиқа миёни наврасони то 17-сола рӯзҳои 19-22-юми июн ва миёни ҷавонони то 23-сола аз 23-юм то 26-уми июн баргузор мешавад.

Хатмкунандагони литсейи Хуҷанд барои идомаи таҳсил дар ИМА 2,5 млн доллар гирифтанд

Соли ҷорӣ Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷандро 41 нафар хатм карда, аз ин теъдод 12 нафари онҳо бо дарёфти 2,5 млн доллар гранти омӯзишӣ ба донишгоҳҳои беҳтарини ИМА дохил шуданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, директори Литсей Сурайёхон Неъматзода гуфтааст, онҳо дар озмунҳои бурсияи донишгоҳҳои ИМА ғолиб омада, соҳиби беш аз 2,5 млн доллари амрикоӣ грантҳои омӯзишӣ дар беш аз 20 донишгоҳҳои бонуфузи Амрико гардиданд.

“Ҳамзамон 18 нафар хатмкунандагони литсей ба донишгоҳҳои беҳтарини кишварҳои Олмон, Туркия, Австрия, Швейтсария, Булғористон ва Федератсияи Россия дохил шудаанд. 11 нафари дигар барои дохилшавӣ ба факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои худро супоридаанд, яъне, аз 41 нафар хатмкунандагони литсей 30 нафари онҳо дар хориҷи кишвар 11 нафар дар мамлакат таҳсили худро идома медиҳанд”, – иброз доштааст ӯ.

Ба гуфтаи директори Литсей, дар муассиса маҳфилҳои доимоамалкунандаи омӯзиши забонҳои англисӣ, чинӣ, русӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ тариқи ройгон ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза хонандагон баъди дарси асосӣ бо омӯхтани ин забонҳо машғуланд.

“Ин амр имкон медиҳад хонандагон забонҳоро азхуд намуда, дар озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намоянд ва соҳиби грантҳои омӯзишӣ гарданд”, – изҳор доштааст Сурайёхон Неъматзода.

Зимнан зикр шудааст, ки таҳсили толибилмони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи чаҳонӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон аз навовариҳои пешрафтаи дунё бохабар бошанд ва баъди хатми донишгоҳ барои рушди кишвар саҳм гузоранд.

Вокуниши духтари Мирзиёев ба видеои лату кӯби арӯс

Духтари раисҷумҳури Ӯзбекистон, муовини раиси раёсати Бунёди рушди фарҳанг ва санъат Саида Мирзиёева дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба навори латукӯби арӯс аз ҷониби домод вокуниш кард.

“Ҳамаи мо мехоҳем дар кишвари мутамаддин, сарватманд ва хушбахтона зиндагӣ кунем. Ва ин маънои онро дорад, ки ҳар яки мо бояд барои он истодагарӣ кунем, ки зӯроварӣ нисбати зан қобили қабул нест”, – навиштааст Саида Мирзиёева.

Саида мегӯяд, набояд дар баробари чунин ҳолатҳо ором нишасту канор гирифт.

“Муҳимтар аз ҳама, ин аст, ки ин бачаи тангназарро маҳкум намуда, ба духтар раҳм карда, дар тарбияи фарзандонатон хато накунед: хонданро манъ накунед, кӯшиш накунед, ки ҳарчи зудтар оиладор шаванд, бигзоред, то бо ақли худ зиндагӣ кунанд. Барои ҳамин таҳсил лозим аст, ки занонро мустақил ва қавӣ мегардонад. Таҳсил ба шумо имкони интихоби зиндагӣ медиҳад”, – навиштааст ӯ дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуда буд, ки дар он домод дар тӯй арӯсашро бо хашм барои мағлуб шудан дар як озмун, латукӯб мекунад.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса дар Ӯзбекистон рух додааст. Додситонии кулли Ӯзбекистон маълум кард, ки ин навор дар як тӯй, ки 6 июни соли ҷорӣ дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё баргузор шуд, сабт шудааст.

Зану шавҳар баъди туй ҷудо нашуданд. Пас аз он ки видеои шаппотизании домод дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, мақомоти қудратии Ӯзбекистон ба ин ҳодиса таваҷҷуҳ карданд.

Нисбати ин мард парванда боз шудааст, ки ҷарима ё 15 шабонарӯз маҳрумӣ аз озодиро дар пай дорад.

Феълан парванда барои қабули қарор ба додгоҳ ирсол шудааст. Бо ҷуфти ҷавон ва волидони онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.

КҲФ: Дар Кӯҳистони Мастчоҳ сел омада, шамоли сахт боми хонаҳоро дар Лахш барканд

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар аз омадани селҳо дар минтақаҳои мухталиф ва шамоли сахт хабарҳо расиданд.

Тавре ки Кумитаи ҳоатҳои фвақулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, боронҳои шадид дар қаламрави деҳаҳои Пит, Ҳадишаҳр, Пастиғав ва Ғурфкати ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сабаби омадани сел шуда, дар натиҷа заминҳои кишт зарар диданд ва лойқа роҳҳои мошингардро пӯшонд.

“Бо талоши кормандони хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти роҳҳо тоза ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуданд, – иттилоъ медиҳад Кумита. – Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”.

Гуфта мешавад, 15 июн наздик ба соати 22:30 дақиқа шамоли сахт дар қаламрави деҳаи Пилдон ва Чубайи ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳияи Лахш боми 10 хонаи истиқоматӣ, ду бинои ёрирасон ва сақфи бинои мактаби таҳсилоти умумиро қисман баркандааст.

“Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт. Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи фаврӣ аз ҳисоби кормандони Кумита ва Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад”, – зикр мешавад дар маълумоти Кумита.

Зикр мешавад, ки корҳои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ бо ҷалби тамоми қувваю воситаҳои зарурӣ давом дошта, комиссия мизони зарари расидаро муайн мекунад ва вазъ зери назорати доимии роҳбарияти Кумита қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносон, аз 17 то 21 июн дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ ба истиснои қисми шаркии ВМКБ борон борида, он метавонад  сабаби омадани сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо шавад ва инчунин хатари лағзиши тарма, резиши санг низ зиёд аст.

Дар робита ба ин Кумита аз сокинон ва меҳмонони навоҳии кӯҳистон даъват мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар манотиқи кӯҳӣ ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд. Ҳангоми ҷамъоварии ҳезум, занбӯруғ ва дигар зироатҳо, ҳамчунин чорвочаронӣ, моҳигирӣ хеле эҳтиёткор бошанд. Волидон бояд ба бачаҳо бештар диққат диҳанд, онҳоро беназорат нагузоранд.