fbpx

Хатарнок ва гузаранда. Дар бораи штамми нави коронавирус «Кентавр» чӣ маълум аст?

Чаро штамми нави коронавирус номи "Кентавр"-ро гирифт...


-1
-1 points

Дар Русия ҳолатҳои сироятёбӣ ба намуди нави коронавирус – «кентавр»-ро тасдиқ карданд. Ба Тоҷикистон омадан ё наомадани онро вақт муайян мекунад. Ҳоло дар кишвари мо ҳолатҳои нави сирояти коронавирус расман ба қайд гирифта нашудаанд. Аз ин рӯ муайян намудани он ки кадом намуди коронавирус дар Тоҷикистон ҳаст имкон надорад, чун дар мо  лабораторияҳои зарурӣ мавҷуд нестанд.

Имрӯз мо дар бораи он мегӯем, ки чаро штамми нав “кентавр” ном гирифтааст, аломатҳои он чӣ гуна аст ва чӣ чораҳои эҳтиётӣ бояд андешида шаванд.

“Кентавр” аввал дар куҷо пайдо шуд?

Он бори аввал дар Ҳиндустон моҳи майи соли 2022 муайян карда шуд. Аз он вақт инҷониб, ин вариант ҳадди аққал дар даҳ кишвар, аз ҷумла ИМА, Бритониёи Кабир, Олмон ва Канада сироят ёфтааст.

Чаро штамми нави омикрон “кентавр” номида гирифт?

“Кентавр” гибриди ду зерварианти дигари омикрони мутатсия шуда мебошад.  Иммунолог ва номзади илмҳои тиббии Русия Николай Крючков гуфт, ки чунин номро як корбари интернет дар Твиттер ба ин навъи коронавирус гузоштааст. Кадоме аз коршиносон инро дар интернет дида, ба ин навъи коронавирус чунин номро додааст.

Суръатноктар аз сурхакон

“Кентавр”, BA.2.75, аз Ҳиндустон, он суръатноктар аз BA.5 аст. Дар Африкаи Ҷанубӣ ҳоло навъи коронавируси BA.6 пайдо шудааст. Штаммҳои BA.4 ва BA.5 25% тезтар паҳн мешаванд.  Коршиносони рус онҳоро аз ҷиҳати суръати паҳншавӣ бо бемории сурхакон муқоиса мекунанд: онҳо гузарандатар ҳастанд. Ҳангоми варианти коронавируси Вуҳанӣ, як бемор аз 2 то 3, делта – аз шаш то ҳашт ва штами кунунии коронавирус бошад аз 14 то 16 нафарро метавонад сироят кунад. Шахси бемории сурхакон дошта метавонад аз 12 то 14 нафарро сироят кунонад. Аз ин рӯ ин навъи коронавирус гузарандатар аз бемории сурхакон аст.

“Кентавр” вазнинтар аз дигар навъҳо мебошад

Ба гуфтаи олимони ҷопонӣ, ки мунтазам бо мушҳо таҷриба гузаронида аз он ба ҷаҳониён хабар медиҳанд, штаммҳои нави коронавирус бештар патогенӣ буда, ба роҳҳои болоӣ ва поёнии нафас таъсир мерасонанд.

Вазъи штаммҳои нав ноумедкунанда аст: онҳо ба навъи Делта наздик шуданд, Омикрон сабуктар буд ва асосан ба роҳҳои болоии нафаскашӣ таъсир мерасонад.

Гум шудани ҳисси бӯйиш

Беморон боз аз гум шудани ҳисси бӯйиш шикоят мекунанд. Дар омикрон ин нишона қариб, ки ба назар намерасид. Хусусияти асосии фарқкунандаи “Кентавр” арақ кардани шабона аст. Ба гуфтаи олимони рус, маълумоти пурра дар бораи ин навъи коронавирус, на дертар аз якуним моҳ ҷамъоварӣ карда мешавад.

Чӣ тавр худро муҳофизат бояд кард

Табибон то ҳол тавсияҳои дигаре ба ҷуз аз пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва истифодаи антисептикҳо надодаанд. Инчунин, ҳар шаш моҳ як маротиба реваксинатсия гузаронед. Гарчанде ки зергурӯҳҳои нав метавонанд аз системаи маснуният канорагирӣ кунанд, хатари сироят дар одамони эм кардашуда камтар мебошад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend