fbpx

Хароҷоти нигоҳубини бузургтарин масҷид дар Тоҷикистон чӣ қадар хоҳад буд?

Ҳисобу китоби мазкур шояд каме дурушт ва ҳатто каме хато бошад.


-1
22 shares, -1 points
Масҷиди калони Тоҷикистон
Акс аз муаллифи Your.tj

Дар Душанбе ба ифтитоҳи бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мегиранд. Сохтмони он октябри соли 2011 оғоз гардида, 8 сол идома ёфт. Барои бунёди ин масҷид наздики $100 млн. сарф гардидааст, ки $30 млн-ро ҳукумати Тоҷикистон ва боқимондаро – ҳукумати Қатар ҷудо намудаанд. Аммо ин рақамҳои ниҳоӣ нестанд. Мо қарор додем, ки хароҷоти нигоҳубини моҳона ва солонаи  масҷидро ҳисобу китоб намоем.

Ҳисобу китоби мазкур шояд каме дурушт ва ҳатто каме хато бошад. Аммо ба ҳар ҳол мо қарор додем, ки ин амалро иҷро намоем. Тавонистем ва ё не, шумо баҳо бидиҳед. Ҳамаи тарифҳои истифодашуда тарифҳо барои аҳолӣ мебошанд.

Барои об чӣ қадар маблағ сарф мешавад?

Дар назар аст, ки дар масҷид яку якбора 120 хазор нафар метавонанд намози ҷумъаро хонанд. Бигзор ин на ҳар рӯзи ҷумъа, балки танҳо дар рӯзҳои ид амалӣ гардад. Дар рӯзҳои ҷумъаи муқаррарӣ ба масҷид 20 ҳазор нафар меоянд. Аз онҳо 2 ҳазорашон таҳорат карданӣ мешаванд. Ҳар яки онҳо тахминан 5 литрӣ об сарф хоҳанд кард.

2000х5=10000 литр=10 куб об

10х2,34 (тариф барои куб барои аҳолӣ)=23,4 сомонӣ барои як ҷумъа

23,4х4 (ҳафта дар як моҳ)=93,6 сомонӣ дар як моҳ

Барои 12 моҳ ин 1123,2 сомонӣ.

Барои корҳои тозакунӣ чӣ қадар маблағ лозим аст?

Масҷид дар ҳудиди 12 гектар замин ҷойгир мебошад. Мо кори боғбонон ва фарошонро ҷудо намекунем, чунки ҳам ҳудиди масҷид ва ҳам даруни биноро мебояд нигоҳубину тоза кард.

12 га=12000 метри мураббаъ аст. Як нафар дар як рӯз тахминан ба тоза кардани 500 метри мураббаъ қодир аст, ин ҳам дар ҳоле, ки агар хеле кӯшиш намояд.

Инак, ба мо на кам аз 24 нафар лозим мешаванд, то ин ки гирду атроф ва даруни биноро тозаву покиза намоянд, ба гулу дарахтон нигоҳубин кунанд.

Музди меҳнати боғбон ва ё фаррош тахминан 500 сомонӣ мебошад. Дар як моҳ барои ҳайати кормандон 12 000 сомонӣ лозим аст. Дар як сол 144 ҳазор сомонӣ.

Барои чароғоннамоӣ чӣ қадар маблағ лозим мешавад?

Дар як моҳ, мо, барои хонаи 3 ҳуҷрагаи 56 метри мураббаъ (равшаннамоӣ, пухту паз, оби гарм) 100 сомонӣ сарф менамоем. Яъне як метри мураббаъ – 56 дирам аст.

Ҳар як метри мураббаъи масҷидро равшан намекунанд.  Бинобар ин мо танҳо нисфи он – 6000 метри мураббаъро мегирем.

6000х0,56=3360 сомонӣ дар як моҳ

3360х12=40320 сомонӣ дар як сол

Ҳайати кормандон

Барои нигаҳдории тартибот, таъмини амният низ мебояд ба коргарон маош дод. Дар масҷид ҳамчунин имом-хатиб ва ёрдамчиёнаш мешаванд. Тахминан 10 нафар бо музди меҳнати миёнаи 2 ҳазор сомонӣ дар як моҳ.

Дар як моҳ 20 ҳазор сомонӣ, солона – 240 ҳазор сомонӣ.

Инак:

Моҳе барои нигоҳубин ва корҳои тозакунӣ дар  масҷид, наздики 35,3 ҳазор сомонӣ зарур мешавад.

Солона – 425,5 ҳазор сомонӣ.

Маблағро аз куҷо бояд гирифт?

Аз буҷети давлат ним миллион сомониро гирифтан – кори осон нест. Аз ин мебарояд, ки бояд ба умеди хайри ибодаткунандагон шуд. Дар чунин ҳолат 10 ҳазор нафар бояд солона дар ҳаҷми 42,5 сомонӣ хайр намоянд.

Албатта ин ҳисобу китоби дурушт аст. Масалан, дар инҷо об якчанд маротиба бештар сарф хоҳад шуд, чунки ҳудуди бузурги масҷидро мебояд доимо об пошида кабудизор кард. Ҳайати кормандон низ ба маротиб бештар мешавад, зеро дар қаламрави масҷид китобхона, осорхона, маҷлисгоҳ, биноҳои маъмурӣ, ошхона ва тавақуффгоҳ ҷойгир мешаванд.

Аз инҷо бармеояд, ки имрӯз мебояд андешид, ки  чунин иморати бузургҳаҷми меъмориро чигуна нигоҳ бояд дошт.

Ёдовар мешавем, ки ба иттилои расонаҳо дари масҷиди бузургтарини Тоҷикистонро дар Душанбе эҳтимол рӯзи 8-уми июн боз кунанд. Тавре расонаҳо бо такя ба манбаъҳои худ менависанд, ҳоло корҳои омодагӣ барои маросими ифтитоҳи ин масҷид идома дорад ва сафари амири давлати Қатарро ба Тоҷикистон интизоранд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
22 shares, -1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend